Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт, – назари коршинос

            Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт.             Номбурда гуфт, тибқи маълумоти дар даст доштаи онҳо, 90-95 дарсад аз шумори умумии муҳоҷирони […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт.





           

Номбурда гуфт, тибқи маълумоти дар даст доштаи онҳо, 90-95 дарсад аз шумори умумии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик айни замон дар Русия қарор доранд ва қисми асосии муҳоҷирон, ки ба ватан баргашта буданд, аллакай ба Русия баргашта, соҳиби ҷойи корӣ шудаанд.




           

Ба гуфтаи Ф.Саидов, мувофиқи пешгӯӣҳои Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба ватан ба андозаи 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки он ба имконоти харидории аҳолӣ, низоми бонкӣ, буҷа ва гардиши мол дар ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд.




           

Дар мавриди мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ коршинос ба сатҳи тахассусӣ ва маълумоти ғайриқаноатбахши муҳоҷирон ишора карда, гуфт, тайи 20 соли ахир низоми маълумоти касбии кишвар таҷдиди назар нашудааст ва бо назардошти рақобатпазирии шадид дар бозори меҳнат, он ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири манфӣ мерасонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.