Муассиси ҳаракати «Растохез» – Тоҳири Абдуҷаббор аз олам даргузашт

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар вилояти Суғд пас аз бемории тӯлонӣ муассиси ҷунбиши мардумии «Растохез», муаллифи аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлолияти Миллии Тоҷикистон, номзади улуми иқтисод   Тоҳири Аббдуҷаббор дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт. Тибқи иттилои расида аз рӯзноманигор Наҷмиддини Шоҳинбод, ки тайи рӯзҳои ахир ҳамроҳи марҳум буд, панҷ рӯзи ахир Тоҳири […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар вилояти Суғд пас аз бемории тӯлонӣ муассиси ҷунбиши мардумии «Растохез», муаллифи аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлолияти Миллии Тоҷикистон, номзади улуми иқтисод

 

Тоҳири Аббдуҷаббор дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.






Тибқи иттилои расида аз рӯзноманигор Наҷмиддини Шоҳинбод, ки тайи рӯзҳои ахир ҳамроҳи марҳум буд, панҷ рӯзи ахир Тоҳири Абдуҷаббор аз ҳарфзанӣ бозмонда, ба зодгоҳаш – ноҳияи Ашт бурда шуд. Ба гуфтаи Н.Шоҳинбод, имрӯз соати 16 маросими дафни марҳум доир мегардад.





Тоҳири Абдуҷаббор соли 1989 дар Тоҷикистон ҷунбиши мардумии «Растохез»-ро таъсис дод. Аз соли 1990 то соли 1992 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Дар замони оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 Тоҳири Абдуҷаббор Тоҷикистонро тарк карда, замоне дар Эрон ва сипас муддате дар Қирғизистон зиндагӣ кард. Вай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба ҳайси мудири шӯъбаи иқтисоди байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии дипломатии шаҳри Бишкек низ муддате фаъолият дошт. Соли 2006 ба Тоҷикистон баргашта, ду соли ахир дар кафедраи иқтисоди Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон кор мекард.





Марҳум замоне ба ҳайси коршиноси масоили иқтисодӣ бо ОИ «Азия-Плюс» низ ҳамкорӣ дошт, ки боиси ифтихори мост. Ба ҳамаи наздикону хешовандони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонем.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.