Дар яке аз масҷидҳои Душанбе аъзои гурӯҳи мазҳабии тундгарои «Ҷамоаи таблиғ» боздошт шуданд

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти яке аз созмонҳои пурқуввати тундгарои исломӣ бо номи «Ҷамоаи таблиғ» ба мушоҳида расидааст, ки дар кишварҳои Малайзия, Индонезия, Филиппин ва чанде аз давлатҳои арабу Африқои Шимолӣ фаъолона амал мекунад. Имрӯз вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки нимаи моҳи апрел дар яке аз масҷидҳои […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти яке аз созмонҳои пурқуввати тундгарои исломӣ бо номи «Ҷамоаи таблиғ» ба мушоҳида расидааст, ки дар кишварҳои Малайзия, Индонезия, Филиппин ва чанде аз давлатҳои арабу Африқои Шимолӣ фаъолона амал мекунад.




Имрӯз вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки нимаи моҳи апрел дар яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе 124 нафар пайравони ин гурӯҳи мазҳабӣ боздошт шудаанд. «Аксари онҳо пас аз пурсиш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, нисбат ба 4 нафари онон, ки дар Ҳиндустону Аморати Муттаҳидаи Араб таҳсили махсус касб кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз гардид», – гуфт вазир.



Қобили зикр аст, ки ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.