Эпидемиологҳои Кӯлоб мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳрро ҷарима бастанд

            Кӯлоб. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии санитариву эпидемилогии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҷаримбандии пулии мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб як қатор қарор қабул кард.             Чӣ тавре ки сардухтури давлатии санитарии шаҳри Кӯлоб Ҷамшед Рафиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, сардори идораи обу корези шаҳр И.Ризвонов ба […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии санитариву эпидемилогии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҷаримбандии пулии мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб як қатор қарор қабул кард.





           

Чӣ тавре ки сардухтури давлатии санитарии шаҳри Кӯлоб Ҷамшед Рафиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, сардори идораи обу корези шаҳр И.Ризвонов ба маблағи 500 сомонӣ, сардори шӯъба А.Муллоев ва сардори таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ тавассути қубурҳо Д.Гадоев, сармуҳандиси идораи обу корез Ф.Бозоров ва муовини сардор С.Мардонов ҳар кадоме ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.




           

Ба гуфтаи Ҷ.Рафиев, шахсони зиркгардида, саривақт ба нишондодҳои марказ таваҷҷӯҳ зоҳир насохта, баҳри бартараф сохтани камбудиҳо чорае наандешиданд. «Дар низоми обтаъминкунии шаҳр камбудиву норасоиҳои зиёде ҷой доранд ва дар сурати бартараф накардани онҳо, дар фасли гармо хавфи сар задани бемориҳои сироятӣ бамаротиб меафзояд», – афзуд Ҷ.Рафиев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.