«Tajik Air» барои ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд розигии ҷониби Ӯзбекистонро интизор аст



     




           

Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сарвари кулли ширкати миллии ҳавопаймоии «


Tajik




Air


» Алимурод Маҳмадалиев изҳор дошт, ки парвози мунтазами тайёраҳо бо хатсайри самти Душанбе-Тошканд пас аз имзои созишномаи байниҳукуматии кишварҳо ба роҳ монда мешавад.

 






           

Ба гуфтаи сарвари кулли ширкат, созишномаи байниҳукуматӣ дар ин бора комилан аз ҷониби Тоҷикистон маъқул шуморида шуда, феълан он мавриди баррасии ҷониби Ӯзбекистон қарор дорад ва дар сурати маъқул шуморидани он аз ҷониби Ӯзбекистон, ширкат омода аст, на танҳо ба шаҳри Тошканд, балки ба дигар шаҳрҳои кишвари ҳамсоя низ хатсайрҳои ҳавоӣ ифтитоҳ намояд.




           

«Дар музокироти мақомоти раҳбарии ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Ӯзбекистон йӯллари», ки рӯзи 4-уми март дар шаҳри Тошканд доир гардиданд, ҳамчунин ҷиҳати аз Ӯзбекистон харидорӣ намудани як миқдор тайёраҳои хурд ва таъмири тайёраҳои навъи «Боинг» дар таъмиргоҳи Ӯзбекистон низ тавофуқ ҳосил шуд», – афзуд А.Маҳмадалиев.


spot_imgspot_img

Популярное