Кормандони мақомоти андоз дар семоҳаи аввали сол аз ӯҳдаи иҷрои нақша баромада натавонистанд

Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумити андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ба андозаи 98 дарсад ба иҷро расид. «Бар асари бӯҳрони молӣ имконоти мо хеле коста гардид», – гуфт ӯ. Ба гуфтаи Н.Давлатов, ҳаҷми супоридани андоз […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумити андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ба андозаи 98 дарсад ба иҷро расид. «Бар асари бӯҳрони молӣ имконоти мо хеле коста гардид», – гуфт ӯ.




Ба гуфтаи Н.Давлатов, ҳаҷми супоридани андоз бахусус аз ҷониби андозсупорандагони бузурги ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст. «КВД «Талко» дар семоҳаи аввал мебоист дар ҳаҷми 34 млн. сомонӣ андоз супорад, вале дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молӣ ҳамагӣ 19 млн. сомонӣ маблағ супурд», – гуфт ӯ.



Н.Давлатов афзуд, ширкати «Барқи тоҷик» низ ба ҷойи 31 млн. сомонии пешбинишуда ҳамагӣ 6 млн. сомонӣ андоз супорида, то имрӯз дар назди кумита 21 млн. сомонӣ қарздор аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.