Агрегатҳои нерӯгоҳи Норакро акнун дар дохили кишвар таъмир мекунанд

Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки таъмири асосии яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи Норак   то 20-уми майи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Ба гуфтаи ӯ, қаблан агрегатҳо дар яке аз корхонаҳои шаҳри Харкови Украина аз таъмир бароварда мешуданд ва табиист, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки таъмири асосии яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи Норак

 

то 20-уми майи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.




Ба гуфтаи ӯ, қаблан агрегатҳо дар яке аз корхонаҳои шаҳри Харкови Украина аз таъмир бароварда мешуданд ва табиист, ки маблағу вақти зиёдеро талаб мекарданд. «Феълан таъмири агрегатҳо дар дохили кишвар – корхонаи «Текстилмаш» ба анҷом расонида шуда, сифати он аз таъмири корхонаҳои хориҷӣ монданӣ надорад», – гуфт ӯ.



Муовини вазир таъкид сохт, ки агар то таъмир иқтидори истеҳсолии як агрегат 288 мВт-ро ташкил диҳад, пас аз таъмир иқтидори он то 335 МВт баробар мешавад. «Ҳама ба он одат кардаанд, ки иқтидори нерӯгоҳи Норак беш аз 300 Мвт аст, вале дар асл бар асари фарсудашавии қисмҳои агрегатҳо иқтидори он аз 2,6 ҳазор Мвт зиёдтар нест», – афзуд П.Муҳиддинов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.