Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид.
Чӣ тавре ки сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдории Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, то посгоҳи БДА-и «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб идома меёбад ва сипас аз он ҷо варзишгарон боз то ҷойи аввала бармегарданд. «Баҳри ҳавасмандии иштирокчиён аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи шаҳр 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ғолиби марафон бо 5 ҳазор ва ҷойҳои дуввуму саввум мутаносибан бо 4 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Қурбонов, барои иштирок дар марафон донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони корхонаву муассисоти шаҳр даъват шудаанд. «Намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт низ хоҳиши иштирок дар пойгаи марафониро иброз доштанд», – афзуд Д.Қурбонов.