Дар ҳайати нерӯҳои сулҳхоҳи СММ гурӯҳи навбатии намояндагони Тоҷикистон таъсис меёбад

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 24-уми феврал дар ҷараёни гуфтушуниди шахсони воломақоми Намояндагии доимии ҶТ дар СММ бо намояндагони Департаменти СММ оид ба амалиёти сулҳоварии созмон масъалаи таъсиси гурӯҳи нави намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд, намояндагони департаменти […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 24-уми феврал дар ҷараёни гуфтушуниди шахсони воломақоми Намояндагии доимии ҶТ дар СММ бо намояндагони Департаменти СММ оид ба амалиёти сулҳоварии созмон масъалаи таъсиси гурӯҳи нави намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ баррасӣ шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд, намояндагони департаменти созмон пешниҳод сохтаанд, ки гурӯҳи нави нерӯҳои сулҳовар аз ҳисоби кормандони Вазорати умури дохилии ҶТ бо шумули 30-50 афсар таъсис гардад. «Намояндагони департамент ҷиҳати тайёр кардан ва санҷиши номзадҳо ба гурӯҳ омодагии худро изҳор намуданд», – гуфт манбаъ.



Ёдовар мешавем, феълан панҷ намояндаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ дар музофоти Дарфури Судон хизмат мекунанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.