Ӯзбекистону Туркманистон муқобили сохтмони нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбарота

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ дар Тошканд сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов изҳор доштанд, ки коҳиши ҳаҷми об ва ҷоришавии он дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бидуни аудити байнулмилалӣ ғайриимкон аст. Тавре хабаргузории ИА REGNUM иттилоъ медиҳад, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кардааст, Ӯзбекистону Туркманистон […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ дар Тошканд сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов изҳор доштанд, ки коҳиши ҳаҷми об ва ҷоришавии он дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бидуни аудити байнулмилалӣ ғайриимкон аст.




Тавре хабаргузории ИА


REGNUM


иттилоъ медиҳад, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кардааст, Ӯзбекистону Туркманистон зарур мешуморанд, ки ҳангоми бунёди иншооти гидроэнегетикӣ дар рӯдхонаҳои фармарзӣ манфиатҳои кишварҳои поёноб бояд ба эътибор гирифта шавад ва фоҷеаи баҳри Арал муҳим будани ин масъаларо таъкид месозад.



Ислом Каримов пешниҳод намуд, ки таҳти сарпарастии СММ бояд дар сатҳи байнулмилалӣ ташхис гузаронида шавад ва бояд коршиносон мушаххас созанд, ки дар натиҷа ба бахши кишоварзӣ ва экологияи минтақа аз бунёди чунин иншоот то кадом андоза зарар расонида мешавад. «Мебояд манфиатҳои Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистонро низ бояд ба назар гирифт, зеро ин кишварҳо мудом аз норасоии об танқисӣ мекашанд», – гуфтааст ӯ.



Дар навбати худ президенти Туркманистон низ изҳор доштааст, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷм ва ҷоришавии об дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ муқобиланд. Қ.Бердимуҳаммадов гуфтааст, Туркманистон дар ҳалли ин масъала ҷонибдори истифодаи дипломатияи боздоранда (превентивӣ) аст.



Лозим ба тазаккур аст, ки моҳе пештар муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошта буд, ки сарфи назар аз муқобил будани касе, нерӯгоҳи Роғун бунёд хоҳад ёфт. Зикр гардида буд, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун доир гардид ва онҳо ба чунин хулоса расиданд, ки иншооти гидроэнергетикии оянда ҳеҷ хатаре дар пай нахоҳад дошт. «Натиҷаҳои ташхиси байнулмилалиро ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ҷуз Ӯзбекистон, ки ду маротиба пешниҳоди Бонки ҷаҳониро бобати шиносоӣ бо он рад кард, маъқул шумориданд», – гуфта буд П.Муҳиддинов.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.