“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт

Кумитаи забон ва истилоҳот шарти ивази ҷойномҳоро дар кишвар шарҳ дод. Аз ин ниҳод гуфтанд, Кумита намегузорад, ки номҳои таърихию қадимӣ, ки маънои хубу мусбат доранд ва ба арзишҳои миллии мо мухолифате намекунанд, дигар карда шаванд. Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумита дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январи соли равон гуфт, вақте зарурати иваз кардани номи маконе ба миён […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳот шарти ивази ҷойномҳоро дар кишвар шарҳ дод. Аз ин ниҳод гуфтанд, Кумита намегузорад, ки номҳои таърихию қадимӣ, ки маънои хубу мусбат доранд ва ба арзишҳои миллии мо мухолифате намекунанд, дигар карда шаванд.

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумита дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январи соли равон гуфт, вақте зарурати иваз кардани номи маконе ба миён меояд, масъала аввал, дар сатҳи маҳал баррасӣ шуда, баъдан ба вилоят пешниҳод мешавад ва масъулини вилоят аз Кумитаи забон ва истилоҳот барои иваз кардан ва ё накардани он хулосаи ниҳоӣ мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ба Кумита муроҷиат мешавад, забоншиносон, ки шохаҳои гуногуни забонро меомӯзанд, дар асоси осори илмӣ-тадқиқотие, ки дар тӯли таърих мавҷуд аст, хулосаи худро пешниҳод мекунанд.

Раҳматуллозода афзуд, номҳое, ки ба меъёри забони тоҷикӣ мувофиқ нестанд, иваз ва ҷойномҳои қадимаю таърихии забон нигоҳ дошта мешавад.

“Сиёсати давлатии Тоҷикистон доир ба забон ин нест, ки ҳамаро бо як ҷоруб рӯбад. Дар манотиқи Тоҷикистон ҳазорҳо номе ҳаст, ки дар шакли асл то имрӯз нигоҳ дошта шудаанд”, – гуфт номбурда.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, дар номгузорӣ маънои калима ва ба арзишҳои миллӣ  мутобиқ будани он ҳатман ба назар гирифта мешавад.

Ба қавли ӯ, ҳангоми иваз кардани ҷойномҳое, ки то имрӯз сурат гирифтанд, масъулини Кумита ба манотиқи кишвар сафар карда, бо мардуми ҳар як маҳал суҳбат ва калимаҳоро омӯхтаанд.

“Мо  дар минтақае зиндагӣ дорем, ки номҳои суғдӣ, авестоӣ, бохтарӣ ва номҳои дигари забонҳои қадим ва миёна зиёданд. Вақте мехоҳем ин ё он номро иваз кунем, бисёр ҷиддӣ назар мекунем”. – гуфт ӯ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз Уртақишлоқу Каттасаркамишу Қанғелӣ ба Миёндеҳу Найистону Зарнисор. Беш аз 170 ҷойноми Тоҷикистон иваз шудаанд

Ссоли 2025 дар кишвар танҳо ду ҷойном – маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсар дар ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Ваҳдатобод ва деҳаи Тавилдара ба шаҳраки Сомондеҳ табдили ном карданд.

Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир ҳазорҳо ҷойном дар Тоҷикистон табдили ном карданд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2023 ҳукумат табдили номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ кард.

Як сол баъд, давоми соли 2024 дар кишвар номи беш аз 500 деҳа, ки номҳои русӣ, туркӣ ва ё ба номи шахсиятҳои замони Шӯравӣ номгузорӣ шуда буданд, ба гуфтаи маоқмқот “ба номҳои тоҷикӣ” иваз карда шуданд.

Баъди чанде боз зиёда аз 170 номи маҳалҳои аҳолинишин, ки  “ғайримеъёрӣ” буданд, иваз шудаанд, ба мисли: аз Уртақишлоқу Каттасаркамишу Қанғелӣ ба Миёндеҳу Найистону Зарнисор.

Инҷунин, дар се соли охир чандин номҳои аз замони Шӯравӣ боқимонда, ба мисли "Коммунист", "Коммунизм", "Ленинобод", "Октябр", "Правда", "Киров", "Горкий", "Пушкин" ва халқиятҳо – "Тоҷикобод", "Ӯзбекобод", "Қирғизобод", "Қазоқобод" ба номҳои тоҷикӣ иваз гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.