Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд

Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугар ва “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд, ки “мардумро ба тарафи терроризму экстремизм моил мекунанд”. Ин феҳрист аввали соли 2024 тартиб дода шуд ва дар он ҷодугарону фолбинҳо ва “муштариҳо”-и онҳо сабтином мешаванд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон перомуни “боварии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугар ва “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд, ки “мардумро ба тарафи терроризму экстремизм моил мекунанд”. Ин феҳрист аввали соли 2024 тартиб дода шуд ва дар он ҷодугарону фолбинҳо ва “муштариҳо”-и онҳо сабтином мешаванд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон перомуни “боварии мардум ба фолбину ҷодугарон” ҳарф зада, онро боиси нигаронӣ хонд.

Ба қавли вазир, ин ниҳод то аввали соли 2026 беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду”-ро ба қайд гирифтааст.

“Худатон қазоват кунед. Мардум то ҳол боварӣ доранд ба сеҳру ҷоду. Ба фолбиниву ба муллоҳои дайду, ки мардумро ба тарафи терроризму экстремизм моил мекунанд”, – гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Рамазон Раҳимзода аз он нигаронӣ кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо қарз ба умра мераванд, вале ҳамоно ба соҳириву фолбинӣ эътиқод доранд. Ба қавли ӯ, омори ба умра рафтаҳо танҳо дар соли гузашта ба 7,5 ҳазор тан мерасад.

 

Аммо вазири тоҷик нагуфт, ки соҳирону ҷодугарон сабтиномшуда чӣ ҷазо гирифтаанд.

Бояд гуфт, моҳи апрели соли 2024 ВКД иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунад.

Баъдтар, моҳи августи ҳамон сол ин ниҳод иттилоъ дод, ки акнун нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад.

Ба гуфтаи ВКД, ба онҳое, ки бо “мардумфиребӣ” зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнати маҷбурӣ дода мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
То 4500 сомонӣ ҷарима. Барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар расман муҷозот таъин шуд

Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2024 ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар Тоҷикистон ду сол боз беш аз пеш идома дорад ва қариб дар ҳар як барномаҳои иттилоотии ВКД аз боздошти онҳо хабар дода мешавад.

Дар музофоти кишвар ҳам ин гуна амалиёт идома доранд. Ба вижа, баъди ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Хатлон таъйин шудани генерал Шариф Назарзода ин раванд пурзӯр шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.