“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо ишора ба решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуниву забонӣ, ҷанг дар Эрон шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан сиёсатмадорону аҳли зиёи кишварро бетараф нагузошт. Чанде аз онҳо, дирӯз, 5-уми март ба Сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз мақомдорону даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар дафтари ёдбуд боз шуда буд, омаданд ва ҳамдардии худро ба мардуми ин кишвар баён карданд.

“Азия-Плюс” аз ин маросим гузориш омода кард ва аз чанде аз чеҳраҳои сиёсату илму адаб, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, назарашонро дар бораи вазъ дар Эрон пурсид.

 

Миёнаи бастаи мӯйсафед ва ашки зане бо акси Хоманаӣ

Ба маросими ёдбуд дар сафорати Эрон, мансабдорони баландпояи тоҷик, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аҳли илму адабу фарҳанг ва шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон омаданд. Аз ҷумла, бо намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба Сафорати Эрон  омад ва ба сафир ва мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.

Инчунин, мансабдорони дигари тоҷик, ба мисли муовини вазири корҳои хориҷӣ, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва парлумони Тоҷикистон, раисони Иттифоқи нависандагон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва муфтии кишвар ба ин маросим рафта, ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ баён карданд.

Дар давоми рӯз, ҳамчунин, академикон ва олимон, рӯзноманигорон, нависандагон ва фарҳангиёни кишвар ба ин маросим омаданд. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сафорат омада, дар дастари ёдбуд ҳамдардии худро нигоштанд. Мӯйсафеде бо нишони мотам миёнашро баста буд, зане дар даст сурати роҳбари олии Эрон ашк мерехт.

Теъдоди зиёди эрониёни муқими Тоҷикистон ҳам дар маросим дида шуданд, ки либоси сиёҳ пӯшидаву гиря мекарданд. Мусаввараи бузурги бо гул оростаи Алии Хоманаӣ, ки бо нишони қурбонӣ шуданаш дар гӯшае хати сиёҳ дошт, дар маркази маросими ёдбуд қарор дошт. Садои қироати “Қуръон” фазоро пахш карда буд.

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Чанде аз сафирон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ, ба мисли сафирони Туркия, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Афғонистон низ барои изҳори ҳамдардӣ ба сафорат ҳозир шуданд.

Дар ҷараёни маросим, “Азия-Плюс” назари бархе чеҳраҳои сиёсиву адабии тоҷикро дар мавриди ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва мавқеи онҳо нисбат ба ин таҳаввулот пурсид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

 

Фоҷиаи ниҳоят сангину дарди муштарак

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сиёсатмадор ва дипломати собиқ, ҳаводиси Эронро “фоҷиаи ниҳоят сангину вазнин” номида, гуфт, ки ҳама чизе ки дар ин кишвар мегузарад, мусибати муштараки ҳар як ҳамфарҳангу ҳамзабон аст.

Раҳмонзода ҳузури сарвазир ва дигар мансабдорони тоҷик дар ин маросимро аз нуқтаи назари дипломатӣ хеле муҳим донист ва гуфт, “агар мо, ки ҳамфарҳанг, ҳамзабон, ҳамнажод ва ҳамхун бо ин мардум ҳастем, дар ин шабу рӯз ҳамроҳ набошем, моро хуб намефаҳманд”.

“Барои кишвари мисли Тоҷикистон, ки вазнинию сангинии низоъҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронда ва талафоти зиёде додааст, барои мардуми тоҷик, барои тамоми Ҳукумати Тоҷикистон ин, албатта, як фоҷиаи вазнин аст, чунки ҳамзабонону ҳамфарҳангони мо талафот дода истодаанд”, – гуфт ин сиёсатмадори тоҷик.

Ӯ пас аз изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Эрон таъкид дошт, “мо боварӣ дорем, ки на танҳо ин мушкилоту фоҷиа пушти сар мешавад, балки дар оянда боз ҳам ҳамкориҳои ҳасана миёни ду кишвар беш аз пеш сурат мегиранд”.

 

“Эрони бузург ҳатман пирӯз хоҳад шуд”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон ва узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо гуфт, ки “Тоҷикистону Эрон аз қадимулайём мисли ду ҷисму як ҷон ҳастанд ва ин ҳамдаму ҳамғаму ҳамнишотӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беш аз пеш афзуд. Мо ҳар пешрафти Эронро пешрафти худ меҳисобем ва ҳар нокомии Эронро нокомии худ медонем”.

Ӯ ҳамлаи Амрикову Исроилро бо сароҳат маҳкум карда, афзуд “аз ин таҳоҷуми номардонаи гурӯҳи кафторҳо ба Эрони бузург бисёр нохуш ҳастем ва аз дилу ҷон пирӯзии Эронро мехоҳем”.

Низом Қосим ба унвони ҳамқаламони эронии худ гуфт, “мо дар ин лаҳзаҳои душвор бо онҳо ҳастем. Бори дигар осори онҳоро ба ёд меорем, муҳаббати онҳоро ба кишвари бузургашон, ба фарҳанги муштаракамон ба ёд меорем ва ҳамаи ин ба мо бовар мебахшад, ки Эрони бузург ҳатман пирӯз хоҳад шуд”.

Раиси Иттифоқи нависандагон дар бораи пайванди ду кишвар сухан гуфта, маҳаки ин пайвандро дар забони муштарак номид: “то забони тоҷикӣ, забони форсӣ ҳаст, Эрон побарҷо хоҳад буд, Тоҷикистон побарҷо хоҳад буд ва дӯстии мо, пайванди мо побарҷо хоҳад буд”.

Ба гуфтаи Низом Қосим, ин гуна ҷангҳо ба равобити адабии ду кишвар таъсири манфӣ нахоҳад расонд ва дер нест, ки он бо пирӯзии Эрон хотима ёбад.

“Ҷанг аслан хасми ҳама гуна ҳамкориҳои фарҳангӣ, хасми ҳама гуна созандагию бунёдкориҳост. Ва барои ҳамин ҳам инсони соҳибақл аз қадимулайём муқобили ҷанг аст, муқобили хунрезӣ аст, муқобили истилову таҷовуз аст. Мо ин ҳама корҳоеро, ки имрӯз Амрико, Исроил, дигар кишварҳои беандеша анҷом медиҳанд, маҳкум мекунем. Умед дорем, ки Эрони азиз дар ин росто пойдор мемонад, барқарор мемонад ва бар ҳама душманиҳо, бар ҳама бадхоҳиҳои хасмон пирӯз мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

 

“Сарнавишти Эронро бояд худи мардуми Эрон ҳал кунад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Академик Кароматулло Олимов ба адибон ва фарҳангиёни Тоҷикистон паём дод ва аз онҳо хост, ки дар ин рӯзҳои сангин бо ҳамзабонони эронии худ ҳамдард бошанд.

“Дар ин рӯзҳо, ки воқеан барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми шарифу ҳамзабону ҳамфарҳанги мо рӯзҳои сангин аст, аввалан ман сабр орзу мекунам. Дигар ин ки, ин кушторҳое, ки ноодилона, ноҷавонмардона сурат гирифтааст, воқеан изтироби мову тамоми аҳли ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Олимов ин ҳамларо хилофи қонун ва меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки “ин кор зидди тамоми башарият аст”

Ӯ аҳли фарҳанг ва илму адаби Эронро ҳамчун меросбарони тамаддуни бузурги муштараки Тоҷикистону Эрон номида, гуфт, ки “мардуми Эрон ҳарчанд бисёр мушкил аст, вале бояд мубориза баранд”.

Дар мавриди таъсири ҷанг ба ҳамкориҳои илмию академии ду кишвар Олимов ба воқеъбинӣ иқрор шуд, ки рафтуомадҳои мустақим феълан имконнопазир аст, аммо бо итминон гуфт, ки ҳамкориҳои муштарак дар ин самт қатъ нахоҳад шуд.

Ӯ бо қатъият гуфт, ки “бояд сарнавишти Эронро худи мардуми Эрон ҳал бикунад”.

 

Таърихчаи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Рӯзи шанбеи 28-уми феврал Амрико ва Исроил амалиёти муштараке оғоз карда, ба шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Қум, Караҷ ва Кирмоншоҳ – шаҳрҳои муҳими Эрон ҳамла карданд.

Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳуми ин асари...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.