Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти қарзҳои бебозгашт (грант) президенти Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ миёни занон дар соли 2026 озмун эълон кардааст. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки имсол 200 зан барои рушди тиҷорати худ метавонанд қарзҳои бебозгашт бебозгашт дарёфт кунанд. "Грантҳо баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ифтитоҳи коргоҳу устохонаҳои хурд, […]

Asia-Plus

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти қарзҳои бебозгашт (грант) президенти Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ миёни занон дар соли 2026 озмун эълон кардааст.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки имсол 200 зан барои рушди тиҷорати худ метавонанд қарзҳои бебозгашт бебозгашт дарёфт кунанд.

"Грантҳо баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ифтитоҳи коргоҳу устохонаҳои хурд, қолинбофӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, соҳаи коркарди меваи хушк ва рушди бахши кишоварзӣ ҷудо карда мешаванд", – гуфтанд аз Кумитаи кор бо занон ва оила.

Ба иттилои ин ниҳод, маблағи қарзҳо аз 40 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ буда, ба 200 зан дода мешавад. Қарзҳои бебозгашт ба таври зайл тақсим мешаванд:

25 грант ба андозаи 110 000 сомонӣ;

25 грант ба андозаи 100 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 90 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 80 000  сомонӣ;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Озмун барои 20 гранти президент. Ба куҷо муроҷиат бояд кард ва чӣ ҳуҷҷат лозим аст?

25 грант ба андозаи 70 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 60 000 сомонӣ;

25 грант ба андозаи 50 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 40 000 сомонӣ.

Дар Кумита зикр карданд, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба озмун аллакай оғоз гардида, то 15 апрел давом мекунад. Лоиҳаҳо бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа дар шакли "MS Word" (шрифти Times New Roman, 14) ба озмнуи пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳо Кумита лоиҳаҳоро баррасӣ намекунад. Агар иштирокчии озмун ғолиб дониста шавад, ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд ба Кумитаи кор бо занон дар шаҳри Душанбе,  кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3, ё тариқи телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 муроҷиат кунанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2025 дар Тоҷикистон ба занони соҳибкор баҳри амалисозии 200 лоиҳа 15 млн сомонӣ грант ҷудо шуда буд. Он замон Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфта буд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин маблағи қарзҳои бебозгашт 3 баробар зиёд карда шуд.

Ин маблағҳо ба рушди соҳибкорӣ миёни занон, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ равона шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.