Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон барои харидории тухмии хушсифати пунбадона аз буҷаи давлатӣ 6 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Тавре сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тухмии пунбадона барои мавсими имсола аз Туркия оварда мешавад. «Бо ин маблағ ҳудуди 360-370 тонна тухмии хушсифати пунбадона харидорӣ мегардад, ки аз ҳар як гектар то 50-60 сентнер ҳосил медиҳад», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки мавсими киштукор чун анъана пас аз таҷлили Иди Наврӯз шурӯъ мешавад. Соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, дар 200 ҳазор гектар пунбадона кишт кунанд.



