КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 9 млн. $ 10 вагони истеҳсоли Русия дастрас кард

Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 9 млн. $ 10 вагони истеҳсоли Русия дастрас кард.             Тавре муовини сардори хадамоти таъминоти моддиву техникии корхона Зикриё Маликов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нисф зиёди техникаи дасртасгардида пагоҳ вориди ҷумҳурӣ мешавад. «Вагонҳо дар ҶСК корпоратсияи илмӣ-техникии «Уралвагонзавод»-и ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 9 млн. $ 10 вагони истеҳсоли Русия дастрас кард.





           

Тавре муовини сардори хадамоти таъминоти моддиву техникии корхона Зикриё Маликов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нисф зиёди техникаи дасртасгардида пагоҳ вориди ҷумҳурӣ мешавад. «Вагонҳо дар ҶСК корпоратсияи илмӣ-техникии «Уралвагонзавод»-и ба номи Дзержинский оид ба истеҳсоли вагонҳо сохта шудаанд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли З.Маликов, ояндаи наздик КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вагонҳои корхонаи дигари истеҳсоли вагонҳои Русия – ҶСК «Олтойвагон»-ро низ харидорӣ менамояд. «Соли равон корхона ният дорад, дар маҷмӯъ ҳудуди 100 вагони нав дастрас созад», – афзуд ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.