ХБА: Соли равон то ба 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз эҳтимол дур нест

  Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳайати ин гурӯҳ дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли равон то ба 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз эҳтимол дур нест. Ба гуфтаи ӯ, чунин вазъ бар асари […]

Пайрав Чоршанбиев





 






Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг










бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳайати ин гурӯҳ дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли равон то ба 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз эҳтимол дур нест.







Ба гуфтаи ӯ, чунин вазъ бар асари суст гаштани суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус рӯ ба таназзул овардани иқтисоди Русия ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Роҳбари намояндагии ХБА дар Тоҷикистон Люк Моерс мегӯяд, дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон 20 дарсад коҳиш ёфтааст.







Мувофиқи маълумоти ХБА, соли 2008 муҳоҷирони тоҷик ба ватан 2,2 млрд $ маблағ интиқол додаанд, ки ин нишондиҳанда ба 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст. Аксел Шиммелпфенниг бо такя ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳ мӯътақид аст, ки соли ҷорӣ афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 3 дарсад коҳиш ёфта, таваррум дар мизони 12-13 дарсад мӯътадил хоҳад шуд.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова