Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи мили олимпӣ интихоб гардид

            Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ассамблеяи XI -уми ҳисоботию интихоботӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба мансаби президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2009-2012 интихоб гардид.             Мудири шӯъбаи варзиш ва таблиғоти КМО профессор Анвар Бобоҷонов мегӯяд, интихоби сарвари давлат ба ин мақом ба варзишгарони ҷумҳурӣ нерӯву илҳоми тоза […]

Валентина Кондрашова



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ассамблеяи


XI


-уми ҳисоботию интихоботӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба мансаби президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2009-2012 интихоб гардид.





           

Мудири шӯъбаи варзиш ва таблиғоти КМО профессор Анвар Бобоҷонов мегӯяд, интихоби сарвари давлат ба ин мақом ба варзишгарони ҷумҳурӣ нерӯву илҳоми тоза мебахшад. «Умедворем, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Олимпии соли 2012 дар Лондон аз пешина беҳтар хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Бобоҷонов, имрӯз ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи КМО иборат аз 11 нафар низ интихоб шуд, ки раҳбарони федератсияҳои футбол, камонварӣ, варзиши сабук, дзюдо ва таэквондо шомили он гаштанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.