IFC дар Тоҷикистон Барномаи нахустини пилотии худро оид ба идоракунии корпоративӣ ҷорӣ мекунад

Душанбе 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» — IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, бо ҶСК «Суғдагросерв» (САС) баҳри беҳтар кардани идоракунии корпоративии ширкати мазкур ҳамкорӣ карда истодааст. САС аввалин ширкатест, ки барои татбиқи Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ бо IFC дар Тоҷикистон ҳамкорӣ карда истодааст. Иштирок дар барномаи IFC […]


Душанбе 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» — IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, бо ҶСК «Суғдагросерв» (САС) баҳри беҳтар кардани идоракунии корпоративии ширкати мазкур ҳамкорӣ карда истодааст. САС аввалин ширкатест, ки барои татбиқи Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ бо IFC дар Тоҷикистон ҳамкорӣ карда истодааст. Иштирок дар барномаи IFC ба САС имкон медиҳад, ки бештар инвеститсия ҷалб намояд ва самараи афзалиятҳои идоракунии корпоративии самаранокро

 

ба тамоми ҷомеаи соҳибкорони тоҷик, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ нишон диҳад.




Тавре аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соҳаи кишоварзӣ сарчашмаи асосии даромади бисёрии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки бештар аз 60 фоизи аҳолӣ дар ин соҳа фаъолият мекунад. Бо вуҷуди ин, таҷҳизот ва таҷрибаи идоракунӣ мувофиқи замона нест ва маблағгузорӣ, ки ба кишоварзон барои навоварӣ ва васеъ кардани кардани фаъолияташон ниҳоят зарур аст, хело маҳдуд аст. САС ҷамъияти саҳҳомиест, ки тамоми саҳмияҳои он ба кишоварзон тааллуқ дорад. Ширкат ба кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои коркарди пахтаву дигар маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ хизмати молиявӣ, маркетинг, фурӯши чакана ва дигар намуди хизматҳоро мерасонад. САС пеш аз ҳама дар ҷойҳои деҳоти Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар баланд бардоштани сатҳи даромади кишоварзони маҳаллӣ тавассути фароҳам овардани имконият ба истеҳсоли мустақилона ва фаъолияти хоҷагиҳои тиҷоратӣ кӯмак мерасонад.

 




Дар чорчӯбаи лоиха IFC таҷрибаи ҷории идоракунии корпоративии САС-ро арзёбӣ мекунад, инчунин ба саҳҳомону кормандони он маслиҳат медиҳад ва омӯзишҳо мегузаронад. IFC инчунин дар дигаргун сохтани сохтор ва фаъолияти шӯрои директорон ва кумитаи иҷроия ва ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ намудани оинномаи ширкат кӯмак мерасонад.

  




«Бӯҳрони молиявӣ дар тамоми соҳаҳо дар миқёси Тоҷикистон ҳис карда шуда истодааст ва машварати коршиносони IFC

 

дар ин ҷода ниҳоят саривақтӣ ва зарур мебошад. Тавассути беҳтар намудани идоракунии корпоративии ширкат мо барои ҷалб намудани инвеститсия ва васеъ намудани фаъолияти худ

 

имконияти бештар пайдо мекунем, ки ба шарофати он метавонем ба ҷомеа ва саҳҳомони худ барои расонидани

 

хизматрасонии баландсифат кӯмак расонем», – мегӯяд Директори иҷроияи САС Абдусаттор Ҳайдаров.



Аз соли 2006 инҷониб IFC барои беҳтар кардани идоракунии корпоративии ширкатҳо ва бонкҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ кор карда, ба онҳо барои рушди фаъолият ва тавоноиашон дар ҷалби инвеститсия кӯмак расонида истодааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.