Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик идома дорад

            Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик, ки 11-уми феврал ифтитоҳ гардид, идома дорад.             Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳ дабири куллии созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Ян де Хооп Схеффер, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати Тоҷикистон, кормандони созмон ва намояндагони корпусҳои дипломатии […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик, ки 11-уми феврал ифтитоҳ гардид, идома дорад.





           

Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳ дабири куллии созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Ян де Хооп Схеффер, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати Тоҷикистон, кормандони созмон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои дигари ҷаҳон ширкат варзиданд.




           

Зимни суханронӣ дабири кулли НАТО изҳор дошт, ки намоишгоҳи мазкур дар муносиботи дуҷониба саҳифаи нави маънавиро боз намуда, барои аз наздик ошно гаштан бо фарҳанги ғаниву қадими мардуми тоҷик имконот фароҳам месозад.




           

Дар навбати худ сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо ҳаёт, маишат ва фарҳанги мардуми оддии тоҷик аст ва маҳз чунин чорабиниҳо барои дарки беҳтари фарҳангу тамаддуни ҳамдигар ва густариши ҳамкориҳои амиқ миёни кишварҳо баҳри сулҳу субот ва некӯаҳволии мардуми сайёра кӯмак мерасонанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?