Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ мемонад

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ монданист. Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорат Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар талаботи соҳаи пахтакориро қонеъ намесозад ва коршиносон аз сифати тухмии тайёркардаи хоҷагиҳо қаноатманд нестанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ монданист.




Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорат Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар талаботи соҳаи пахтакориро қонеъ намесозад ва коршиносон аз сифати тухмии тайёркардаи хоҷагиҳо қаноатманд нестанд.



Ба гуфтаи оқои Давлатов, ҳамагӣ 35 дарсади тухмии пунбадонаи барои мавсими киштукори имсола омодагардида хушсифатанд. Вазъи ғайриқаноатбахши соҳаро намояндаи вазорат ба мавҷуд набудани мутахассисони соҳибкасб ва бекор кардани чанде аз имтиёзот марбут медонад. «Тамоми вилояту навоҳӣ ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз вазорат дархост намуданд, ки тарзи фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ тағйир дода шавад ва айни замон бо супориши муовини сарвазир дар ҳамаи 38 хоҷагии тухмипарвар барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад, – гуфт ӯ. – Ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвари пунбадона дар як шабакаи воҳид ба нақша гирифта шудааст».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.