Моҳи мубораки Рамазон – моҳи рӯза, ибодат ва хайру садақа аст. Яке аз воҷиботи муҳими ин моҳ садақаи фитр мебошад, ки ҳар мусулмони соҳибнисоб бояд онро адо кунад. Дар ин матлаб, ки тибқи посухҳои расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон таҳия шуд, ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза, садақаи ҷория ва фазилати дигар садақаҳо дар Рамазон ҷавоб медиҳем.
Фитри рӯза чист ва ба кӣ воҷиб аст?
– Садақаи фитр чист ва чаро Худованд онро воҷиб гардонидааст?
– Садақаи фитр (закоти фитр) пардохти муайяне аст, ки дар охири моҳи Рамазон пеш аз намози ид адо карда мешавад. Паёмбари гиромии Ислом (с) фармудаанд: “Худованд закоти фитрро барои пок гардонидани рӯзадор аз беҳудагӯӣ ва бадсуханӣ ва барои фароҳам гардонидани ғизои муносиб барои ниёзмандон воҷиб гардонидааст” (ривояти Абӯдовуд). Яъне, ин садақа ҳам рӯзаи моро аз нуқсонҳо тоза мекунад ва ҳам камбағалонро дар рӯзи ид хурсанд мегардонад.
– Ба кӣ садақаи фитр воҷиб аст?
– Тибқи китоби “Мухтасари Қудурӣ” садақаи фитр ба касе воҷиб аст, ки се шарт дошта бошад:
1) мусулмон бошад;
2) озод бошад;
3) соҳиби нисоб бошад.
Миқдори нисоб дар соли 2026-ум 64 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ба ашхоси камбизоат ва қарздор садақаи фитр воҷиб нест.
– Имсол фитри рӯза чӣ қадар аст?
– Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 меъёри садақаи фитр барои ҳар як кас 7 сомонӣ муайян шудааст. Ин маблағ барои тамоми моҳи Рамазон ҳисоб мешавад, на барои як рӯз.
– Шайхи фонӣ – касоне, ки бо узр рӯза гирифта наметавонанд, чӣ гуна садақаи фитр медиҳанд?
– Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст.
– Агар имкон бошад, садақаи фитрро бо қимати дигар маҳсулот диҳанд – мешавад?
– Бале. Барои ҳар як аъзои оила камтарин меъёр 7 сомонӣ (бо ҳисоби гандум) аст. Аммо агар имконияти молӣ дошта бошад, метавон бо қимати мавиз — 48 сомонӣ барои ҳар нафар пардохт кард, ки савоби бештар дорад. Масалан, оилаи чаҳор каса бо қимати гандум 28 сомонӣ ва бо қимати мавиз 192 сомонӣ фитри рӯза медиҳад.
Кай ва чӣ гуна фитри рӯзаро додан лозим?
– Кай фитри рӯза дода мешавад?
– Додани садақаи фитр пас аз даромадани моҳи Рамазон ҷоиз аст. Беҳтарин вақт – пеш аз баргузоршавии намози иди фитр аст, то ки ниёзмандон рӯзи ид хурсанд бошанд. Ба таъхир андохтани фитр аз вақти намози ид макрӯҳ аст, магар узре бошад.
– Оё шахсе, ки рӯза намедорад, фитр медиҳад?
– Бале, ҷоиз аст. Шарти фитри рӯза рӯза доштан нест, балки соҳиби нисоб будан аст.
– Агар солҳои гузашта фитри рӯзаро надода бошем, чӣ кор кунем?
– Бояд қазои фитри рӯзаи солҳои гузаштаро адо намоед. Қазо бо ҳисоби 1 кг 600 грамм гандум ё 3 кг 200 грамм ҷав – ё қиммати онҳо -барои ҳар соли гузашта пардохт мешавад.
– Оё барои кӯдаке, ки дар батни модар аст, фитр дода мешавад?
– Барои кӯдаке, ки дар батни модар аст, фитр воҷиб нест. Фитр танҳо он вақт воҷиб мешавад, ки кӯдак то субҳи рӯзи ид таваллуд шавад.
Ба кӣ фитр дода намешавад?
– Ба кадом касон фитри рӯза дода мешавад?
– Садақаи фитр ба касоне дода мешавад, ки соҳиби нисоби закот набошанд – яъне фақирон, мискинон, қарздорон ва дигар ниёзмандон. Беҳтар он аст, ки ба шахсони ниёзманди маҳалла дода шавад.
– Фитри рӯзаро ба киҳо додан мумкин нест?
– Фитри рӯзаро ба инҳо додан мумкин нест:
– Соҳиби нисоб: яъне ба шахсе, ки худаш дороии ба нисоб расида дорад;
– Падару модар, фарзандон ва ҳамсар: зеро нафақаи онҳо бар зиммаи садақадиҳанда аст (ин ҳукми умумии закот ва садақаи фитр дар мазҳаби ҳанафӣ аст).
– Ба бародару додар, апаву хоҳар фитри рӯза додан дуруст аст?
– Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) додани садақаи фитр ба бародару додар ва апаву хоҳар дуруст аст, ба шарте ки фақиру бенаво бошанд.
– Ба падарандар ва модарандар фитр додан мумкин аст?
– Бале, мумкин аст. Зеро байни садақадиҳанда ва падарандар ё модарандар нисбати вилодат вуҷуд надорад. Шарт он аст, ки моли онҳо ба нисоб нарасида бошад (“Фатҳи боби иноя”, ҷ.2, 135).
– Ба ҷӯгӣ ё лӯлӣ садақа додан равост?
– Садақаи фитр ва дигар намудҳои садақа бояд ба шахси мискину фақир дода шавад, новобаста аз он ки ӯ аз кадом қишри ҷомеа аст. Муҳим он аст, ки мусулмон бошад. Бинобар ин, додани ҳар гуна садақа ба онҳо ҳам раво ва дуруст аст.
– Оё фитрро барои ободонии мактаб сарф кардан ҷоиз аст?
– Бале, дуруст ва боиси аҷру савоб аст.
– Оё ба ноболиғ фитр ва закот додан дуруст аст?
– Бале, додани закот, садақаи фитр ва фидя ба ноболиғ дуруст аст, ба шарте ки падараш соҳиби нисоб набошад.
Садақаи ҷория -хайри мондагор
– Садақаи ҷория чист?
– Садақаи ҷория чизест, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тӯлонӣ, ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа мерасад. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад”.
– Чӣ чизҳо садақаи ҷория ба шумор мераванд?
– Дар аҳодиси Паёмбар (с) чизҳои гуногуне садақаи ҷория зикр шудааст: бунёди мактаб, масҷид, мадраса, роҳ, пул, чоҳи об, боғ, ятимхона, хонаи пиронсолон, бунгоҳи тиббӣ, нашри китобҳои муфид ва дигар корҳои нек. Ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум зиёдтар ва дарозмуддаттар бошад, садақаи ҷорияи хубтар аст.
– Оё садақаи ҷория молу сарватро кам мекунад?
– Дар зоҳир чунин ба назар мерасад, вале дар ҳақиқат не. Худованд дар Қуръони карим фармудааст: “Ҳар касе як эҳсон намояд, барои ӯ даҳ баробар подош хоҳад буд” (Сураи Анъом, ояти 160). Ва боз мефармояд: “Худованд моли садақадодашударо афзоиш ва баракат медиҳад” (Сураи Бақара, ояти 276).
Фазилати садақа дар моҳи Рамазон
– Садақа додан дар моҳи Рамазон чӣ савоб дорад?
– Моҳи Рамазон моҳи пурфайз аст. Паёмбар (с) фармудаанд: агар инсони рӯзадор як амали фарзро дар ин моҳ анҷом диҳад, савобаш баробари савоби 70 фарз дар ғайри ин моҳ аст. Аммо агар амали мустаҳаб анҷом диҳад, савобаш баробари як фарз дар ғайри Рамазон мешавад. Инчунин, Паёмбар (с) фармудаанд: “Садақа додан дар ин моҳ ғазаби Парвардигорро фурӯ менишонад, ҳамчуноне ки об оташро фурӯ менишонад”.
– Чаро Ислом инсонро ба хайр ва садақа ташвиқ мекунад?
– Дини мубини Ислом моро аз исрофкорӣ бозмедорад ва ба хайру эҳсон даъват мекунад. Худованд дар Қуръон исрофкоронро “бародари шайтон” номидааст: “…Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд ва шайтон нисбати Парвардигораш носипос буд” (Сураи Исро, ояти 27).
Дар ҳадисе аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Ҳар субҳе, ки бандагон оғоз мекунанд, ду фаришта фуруд меоянд, яке аз онҳо мегӯяд: Худоё, ба хайркунанда ивази онро ато фармо. Дигаре мегӯяд: Худоё, моли мумсик ва бахилро талаф деҳ” (Ривояти Бухорӣ).
ЭЗОҲ: Ин мавод бо истифода аз мақолаҳо ва посухҳои расмии Шӯрои уламо таҳия шуда, ҳамзамон, бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ҳамоҳанг гардидааст.



