Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Қариб ҳамаи макотиби таҳсилоти умумии шҳри Душанбе ҷиҳати фаъолият ҳангоми интиқоли ҳаҷми маҳдуди барқ бо генераторҳо таъминанд.
Тавре сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов ба ОИ «Азия-Плюс» хбар дод, соли гузашта барои мактабҳои пойтахт 126 генератори иқтидорашон аз 5 то 50 кВт харидорӣ шуд. Ҳамчунин барои ба кор андохтани генераторҳо ба миқдори 35 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ва 400 тонна ангишт низ захира карда шудааст.
Ёдовар мешавем, дар пойтахт 112 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 мактаб-интернат, 1 хонаи кӯдакон ва 83 муассисаи таълимии томактабӣ амал мекунанд.


