Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор мулоқот кард

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор Аксел Шиммелпфенинг ва намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Люк Моерс масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши кишоварзии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре сухангӯи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор Аксел Шиммелпфенинг ва намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Люк Моерс масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши кишоварзии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Тавре сухангӯи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масоили рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, татбиқи барномаҳо дар соҳа, амалисозии механизми нави маблағгузорӣ ва ҳалли мушкилоти пардохти қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.



Дар мулоқот зикр гардид, ки айни замон дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ 29 ҳазору 147 хоҷагии деҳқонии оилавӣ, 3 ҳазору 188 хоҷагии деҳқонии кооперативӣ ва 175 иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо механизми нави маблағгузорӣ тавассути қарздиҳии бонкҳо амал мекунанд. Қ.Қосимов ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ 275 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.