Тоҷикистон хостори дар Русия таъин намудани консулҳои фахрии маскуни ин кишвар аз ҳисоби собиқ шаҳрвандони ҷумҳурӣ аст

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ояндаи наздик ният дорад дар баъзе минтақаҳои Русия консулҳои фахрии Тоҷикистонро таъин намояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин пешниҳод ба Вазорати умури хориҷии Русия ирсол гардида, феълан интизори посух мебошанд. «Мо ният дорем, ки ба ҳайси […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ояндаи наздик ният дорад дар баъзе минтақаҳои Русия консулҳои фахрии Тоҷикистонро таъин намояд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин пешниҳод ба Вазорати умури хориҷии Русия ирсол гардида, феълан интизори посух мебошанд. «Мо ният дорем, ки ба ҳайси консулони фахрӣ собиқ шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки феълан шаҳрванди Русия ҳастанду миёнаи ҷомеаи ин кишвар соҳиби обрӯву нуфуз мебошанд, таъин намоем», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, шумораи чунин консулон то 20 нафар расида метавонад. «Пешбинӣ мегардад, ки консулони фахрӣ ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия будубош доранд, мусоидат намуда, асосан дар минтақаҳои дорои намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба фаъолият машғул хоҳанд гашт», – афзуд сарчашма.



Тибқи иттилои сарчашма, барои фаъолияти консулони фахрӣ пардохти музди меҳнат пешбинӣ нагардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.