Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон дабири Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар таъин шудааст. Дар ин бора Маҳдӣ Таботабоӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон дирӯз, 24-уми март, хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, Зулқадр ба ин мансаб бо назар ва мувофиқати раҳбари олии Эрон ва бо фармони раисҷумҳури ин кишвар таъин […]

admin

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон дабири Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар таъин шудааст. Дар ин бора Маҳдӣ Таботабоӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон дирӯз, 24-уми март, хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Зулқадр ба ин мансаб бо назар ва мувофиқати раҳбари олии Эрон ва бо фармони раисҷумҳури ин кишвар таъин шудааст. Ӯ дар вазифаи дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Лориҷониро иваз мекунад, ки шаби 16 ба 17-уми март дар ҳамлаи Исроил ҳамроҳ бо писару муовин ва чанде аз муҳофизонаш кушта шуда буд.

Зулқадри 72-сола аз фармондеҳони баландпояи пешини Сипоҳи посдорони Эрон аст ва пас аз ҷанг бо Ироқ 8 сол (1989—1997) сардори ситоди муштарак ва 8 соли дигар (1997—2005) муовини фармондеҳи кулли Сипоҳ буд. Ӯ яке аз асосгузорони қароргоҳи хориҷии Рамазони Сипоҳ гуфта мешавад, ки баъдтар бар асоси сохтор ва фаъолияти ин қароргоҳ Нерӯҳои Қудс (бахши хориҷии Сипоҳи посдорон) ташкил шуд.

Дар давраи пеш аз Инқилоби Исломии Эрон Зулқадр узви гурӯҳи “Мансурун” ва дар муборизаҳои мусаллаҳона алайҳи низоми шоҳаншоҳии Эрон фаъол буд.

Ӯ дар мансабҳои дигаре ба монанди муовини вазири корҳои дохилӣ ва Қувваи қазоя (Додгоҳи олӣ)-и Эрон кор кардааст ва аз соли 2021 инҷониб дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аст.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар низоми давлатдории ин кишвар чӣ ҷойгоҳе дорад, дар матлаби “Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?” мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар ин маводи Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист? хонед, ки Алии Лориҷонӣ кӣ буд ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёнавазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси “АзияПлюс” огоҳ шаведҲамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.