Дар Душанбе реҷаи истифодаи барқ шадидтар мегардад

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе бинобар муроҷиати иловагии ШСХК «Барқи тоҷик» аз 6-уми феврали соли 2009 ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми январи соли 2009 «Дар бораи риояи қатъии меъёри нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаю низоми маҳдудкунии он дар пойтахт» тағйироту иловаҳо ворид намуд. Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат […]

root


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе бинобар муроҷиати иловагии ШСХК «Барқи тоҷик» аз 6-уми феврали соли 2009 ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми январи соли 2009 «Дар бораи риояи қатъии меъёри нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаю низоми маҳдудкунии он дар пойтахт» тағйироту иловаҳо ворид намуд.




Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ин тағйирот

 

дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол

 

расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар

 

ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.



Зимнан, аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

 

хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакорони нерӯи барқро

 

ба роҳ монанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.