“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Шоираи Қудрат, asia+

Камбуди китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ дар кишвар тайи чанд сол аз мушкилоте гуфта мешуд, ки нигаронии аҳли адаб ва хонандагонро ба бор овардааст. Аксарият шиква аз он мекарданд, ки барои кӯдакони худ бо забони тоҷикӣ китоби мувофиқ пайдо намекунанд ва сифати аксар китобҳои нашршуда низ қонеъкунанда набуда, бо намунаҳои русӣ ва англисӣ қобили муқоиса нест.

Аммо солҳои охир ноширон ва Вазорати фарҳанг аз чопи теъдоди зиёди китобҳои кӯдакона хабар медиҳанд. Аммо таваҷҷуҳ ба китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ ҳамоно кам аст.

Дар доираи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” бори дигар аз мағозаҳои китобфурӯшии пойтахт боздид карда, бо китобҳое, ки ҳоло дар фурӯш ҳастанд, шинос ва бо китобфурӯшон пиромуни таваҷҷуҳи мардум ба китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ суҳбат кардем.

Дар муқоиса бо чанд соли пеш, дар аксар нуқтаҳои фурӯши китоб дар пойтахт китобҳо бо забони тоҷикӣ, аз ҷумла барои кӯдакону наврасон ба ҳадди чашмрас фаровон буданд. Баъзе аз мағозаҳои китобфурӯшӣ, ба қавли моликонашон, ҳатто беш аз 300-400 номгӯ китоби бадеӣ бо забони тоҷикӣ доштанд.

Дуруст, аксари нуқтаҳои фурӯши китоб бештар маводи хониш ва китобҳо бо забонҳои русиву англисӣ доштанд ва теъдоди китобҳои тоҷикӣ камтар ва харидоронаш низ кам буд. Аммо китобфурӯшони собиқадор ҳам буданд, ки тамаркузашон махсусан ба китобҳои тоҷикӣ афзун буда, ин навъ китобҳоро бештар ба фурӯш гузошта буданд.

“Мизони хариди китоби тоҷикӣ беҳтар шудааст”

Рустам Бобокалонов, яке аз китобфурӯшони собиқадор, ки дар “Олами китоб” савдо мекунад, аз серхаридор шудани китобҳои тоҷикӣ дар солҳои охир, аз ҷумла баъди роҳандозии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қаноатманд буд.

Ӯ гуфт, кӯдакону наврасон ва волидонашон бо феҳристи китобҳои дар низомнома ишорашуда меоянд ва ҳам китобҳои адабиёти классик ва ҳам муосиру кӯдаконаро бо забони тоҷикӣ “суроғ” мекунанд.

Дар ин мағоза китобҳои кӯдакона, аз ҷумла, маҷмуи “Афсонаҳои халқи тоҷик” дар чанд ҷилди хурд ва китобҳои муаллифии кӯдакона аз адибони муосир барои харидорон дастрас буданд. Ҳамчунин намунаҳои зиёди адабиёти классикӣ ва насри ривоятӣ ҳам бо нусхаи асл ва ҳам дар шакли шарҳу тафсир пешкаши хонандагони хурдсол шуда буд.

Асарҳои барои кӯдакону наврасон эҷодшудаи адибони ҷаҳонӣ ва тазкираю донишнома ва мунтахабот барои кӯдакон низ дар ин нуқтаи китобфурӯшӣ дастрас буданд.

“Китоб қимат шавад, мардум намехаранд”

Ба қавли Рустам Бобокалонов, қаблан ҳатто дар давраҳои таътил низ он қадар китоб намехариданд, аммо чанд соли охир таваҷҷуҳи волидон ба китоб бештар шудааст ва ҳам дар таътили тобистона ва ҳам дар таътилҳои тирамоҳию баҳорию зимистона падару модарон ва ё худи хонандагон барои хариди китоб меоянд.

“Ман аз соли 1990 дар низоми китобфурӯшӣ кор мекунам. Солҳои пеш мо ҳатто як афсонаи тоҷикӣ намеёфтем. Баъди соли 2010 нашри китобҳо ба забони тоҷикӣ зиёд шуданд”, – мегӯяд ӯ.

Ба қавли ин китобфурӯш, барои кӯдакону наврасон асарҳои Садриддин Айнӣ, Пӯлод Толис, Болта Ортиқ ва китоби афсонаҳоро бештар мехаранд.

Ҳамсуҳбати мо дар ҳамин ҳол афзуд, харидорони хурдсол китобҳои хориҷии ба забони тоҷикӣ тарҷумашударо камтар мехаранд ва далелаш, ба қавли ӯ, ноогоҳии онҳо аст, “зеро дар барномаи мактабии синфҳои поёнӣ адабиёти хориҷа таълим дода намешавад”.

“Масалан, ҳамин китоби “Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холсмс”-и Артур Конан Дойл соле пеш чоп шуд, лекин харидори кам дорад”, – меафзояд ӯ.

Дар ин мағозаи китобфурӯшӣ арзиши китобҳо аз 5 сомонӣ оғоз шуда, китобҳои ҳаҷмашон каме калонтар, чун “Афсонаҳо”, ки 5 – 6 афсона дорад, 8-10 сомонӣ аст ва ҳамин тавр, китобҳои аз 100 саҳифа бештар аз 15 сомонӣ бештар арзиш доранд. 

Ин фурӯшанда мегӯяд, бо калон шудани ҳаҷм ва беҳтар шудани сифати нашр, нарх низ гаронтар мешавад.

Ӯ эътироф кард, ки арзиши китобҳое, ки бо сифати хуб нашр мешаванд, гаронтар аст ва “агар китоб каме қиматтар шавад, мардум намехаранд. Аксар китобҳо бо вуҷуди он ки сифаташон каме пасттар аст, нархи дастрас доранд”.

Номбурда дар баробари он ки солҳои охир серхаридор шудани китобҳои тоҷикиро таъйид мекунад, ҳамчунин далели шикояти баъзе харидоронро дар робита ба пайдо накардани китоби муносиб бо забони тоҷикӣ чунин шарҳ дод: “Яке аз мушкилот ин ки дар мактабҳои мо бо як қолаб кор мекунанд. Як рӯйхате ҳаст, ки аз давраҳои пеш монда, ҳама меояд, як чизро мепурсад. Шояд огоҳ нестанд, ки китобҳои дигар ва шояд хубтар чоп шудаанд”, – мегӯяд ӯ.

Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб аз…

Дар нуқтаи дигари китобфурӯшӣ, ки дар паҳлӯи ин нафар савдо мекард, ба ғайр аз баъзе китобҳои маъмул, ки қариб дар тамоми мағозаҳои китоб дида мешуд, як силсила китобҳои тозанашри кӯдаконаро ба забони тоҷикӣ ба фурӯш гузошта буданд.

Ин силсила аз 16 ҷилд иборат буда, ҳар кадом гулчин ва шарҳи қисса ва ё ҳикоёти шавқангез аз асарҳои ҷудогонаи классикон аст ва бо унвони “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб аз…” ҳар яке шурӯъ мешавад.

Ин силсила аз ҷониби нашриёти “Адабиёти бачагона” мунташир шуда, нигорандагони он Маҳдии Озарияздӣ ва Марям Маҷидӣ мебошанд ва бо забони содаю фаҳмо ва тафсири сода мувофиқи завқи кӯдакону наврасон таҳия шудаанд. 

Ба қавли китобфурӯши ин нуқтаи китоб, ки нахост номашро зикр кунад, ҳоло 12 ҷилди ин силсила дар фурӯш буда, тақрибан моҳе пеш дастраси онҳо шудааст.

Ӯ дар бораи мизони хариди китобҳои кӯдакона посухи мушаххасе надод, зеро ба гуфтааш, ин нуқтаи фурӯши китобро тоза боз кардааст.

“Аз ноҳияҳо бештар мехаранд”

Шералӣ Шоёқубов, ки дар нуқтаи китобфурӯшии “Китобхон” 36 сол инҷониб китобфурӯшӣ мекардааст, мегӯяд, тақрибан сад номгӯ китоби кӯдакона дорад ва арзишашон аз 5-6 то 35-40 сомонӣ аст.

“Китоб арзон, гап дар китобхон”, – мегӯяд бо завқ ин китобфурӯш.

Ба қавли ӯ, харидорони китобҳои тоҷикӣ, асосан, аз ноҳияҳо мебошанд.

“Азбаски нисфи мактабҳои шаҳр русзабонанд, китобҳои тоҷикиро сокинони пойтахт камтар мехаранд. Аз ноҳияҳо аксаран омада, яклухт мехаранд ва барояшон бо тахфиф мефурӯшем”, – мегӯяд ӯ.

Ӯ аз мушоҳидаҳояш хулоса мекунад, ки асарҳои Садриддин Айниву Сотим Улуғзода ва аз шоирон, Мирсаид Миршакар, Гулназар Келдӣ, Мавҷуда Ҳакимова аз ҷумлаи китобҳои серхаридоранд.

“Сифат бошад, ба 5-10 сомонӣ нигоҳ намекунанд”

Дар баъзе мағозаҳои китобфурӯшии дигар низ, ки дар рӯбарӯи “Садбарг” воқеъ мебошанд, имкони пайдо кардани номгӯи зиёди китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ мавҷуд аст.

Аз ҷумла, дар яке аз нуқтаҳои “Олами китоб” бо шумули аксар китобҳое, ки дар мағозаҳои дигар дидем, чанд китоберо пайдо кардем, ки дар нуқтаҳои дигари китобфурӯшӣ набуданд.

Наҷмиддин Ноибов, ки дар ин нуқта савдо мекард, бар хилофи гуфтаҳои баъзе китобфурӯшони дигар мегӯяд, нисбат ба китобҳои тоҷикӣ, китобҳои бо забони русӣ нашршударо бештар харидорӣ мекунанд.

Наимҷон Қудратов ном китобфурӯши дигар, асосан китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ мефурӯхт. Ӯ мегӯяд, сифати китобҳо солҳои охир беҳтар шудаанд ва мардум ҳам ба сифат бештар таваҷҷуҳ мекунанд.

“Агар сифат бошад, мардум ба 5-10 сомонӣ нигоҳ намекунанд. Масалан, нисбат ба пастсифати 30 сомонӣ, босифати 40-сомониро интихоб мекунанд”, – мегӯяд ин китобфурӯш. 

Ӯ эътироф кард, ки воқеан китобҳои нашркардаи баъзе нашриёт сифати паст доранд, аммо аз нашриёте мушаххас ном набурд.

“Бештар китоби русӣ мехаранд”

Дар нуқтаи китобфурӯшии “Китобкада” низ теъдоди китобҳои тоҷикӣ, махсусан, барои кӯдакону наврасон зиёд набуд. Инҷо танҳо дар ду қатор китобҳои тоҷикӣ мавҷуд буданд

Муҳаммаднақиб Нақибзод, ки дар ин дӯкони китобфурӯшӣ савдо мекард, ду далели кам будани китобҳои тоҷикиро шарҳ дод.

Ба қавли ӯ, омили аввал ин сифати паст доштани китобҳои тоҷикӣ, махсусан, кӯдакона аст.

“Масалан, муқоваашон мисли дафтар аст, ки худ аз худ ҷамъ шуда меравад ва китоб тез намудашро гум мекунад. Муддати зиёд нигоҳ дошта намешавад, зеро нигоҳубинаш каме мушкил аст”, – мегӯяд ӯ.

Нақибзод барои исботи иддаояш китоби “Шоҳзодаи хурдакак”-и Антуан де Сент-Экзупериро, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ бо ин ном чоп шудааст, бо нусхаи бо забони русӣ нашршудааш муқоиса кард, ки аз рӯйи муқова ҳатто фарқ мекард: нусхаи тоҷикӣ бо муқоваи нарми дафтармонанд ва нусхаи русӣ бо ҷилди сахт нашр шуда буд.

Аммо ба қавли ӯ, бо вуҷуди қариб якуним баробар гарон будани нусхаи русӣ, харидорон бештар онро интихоб мекунанд.

Далели дигари камчинии китобҳоро бо забони тоҷикӣ, номбурда ба харидори кам доштани онҳо рабт дод. Дар ҳоле ки баъзе китобфурӯшон серхаридор будани китобҳои тоҷикиро зикр мекунанд, ба қавли ӯ, 99 дарсади харидорон китобҳои русӣ мехаранд ва мухотабони китобҳои тоҷикӣ танҳо 1 дарсад аст.

“Ҳоло тамоми таваҷҷуҳ ба русию англисӣ аст. Агар мардум китобҳои тоҷикиро бештар талаб мекарданд, табиист, ки китобҳои тоҷикӣ зиёдтар мебуданд”, – тавзеҳ медиҳад ӯ.

Ба иддаои ӯ, “мардум пули китобхарӣ доранд, аммо аксаран барои китоб харидан дареғ медоранд”.

Андешаҳои китобфурӯшон пиромуни харидории китоб аз сӯйи сокинон гуногун буда, гурӯҳе ба беҳбуди нашр ва сифати китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ ва гурӯҳи дигар ба бесифатии китобҳо ишора мекунанд.

Харидорон низ мавқеъи гуногун доранд ва аксарият мегӯянд, ки вазъ солҳои охир нисбат ба қабл хеле беҳтар шудааст:

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир баъзе зиёиён низ аз мушкили адабиёти кӯдакона ҳарф мезананд. Аз ҷумла, соле пеш Азизи Азиз, адиби маҳбуби кӯдакон дар суҳбати вижае ба “Азия-Плюс” гуфта буд, яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар бахши китоби кӯдакона дар кишвар ба талаботи нашри китоби кӯдакона ҷавобгӯ набудан ва бо теъдоди каму сифати паст нашр шудани он аст. Ба қавли ӯ, 12 талаботе ҳаст, ки ҳангоми нашри китоби кӯдакона бояд риоя шавад, аммо “ҳатто худи ноширон ақаллан сетои онро номбар карда наметавонанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов