Дар 20 мактаби шаҳри Бохтар барномаи “eKhonish”, ки бо истифода аз он раванди таълим дар муассиса фосилавӣ назорат карда мешавад, ҷорӣ карда шуд. Муаррифии барнома имрӯз, 14-уми апрел дар мактаби №17 ин шаҳр бо ширкати Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Абдумаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар ва чанд раиси шаҳру навоҳии вилоят гузашт.
Масъулини созмони ҷамъиятии “Ҷуръат”, ки татбиқи барномаро ба уҳда доранд, ба “Азия-Плюс” иттилоъ гуфтанд, ки бо истифода аз ин барнома тамоми раванди таълим дар муассисаҳо ба таври онлайн назорат карда мешавад.
“Волидайн, шуъбаи маориф ба барнома пайваст шудаанд ва метавонанд иштироки хонандагонро ба дарсҳо, иштироки омӯзгорон, раванди таълимро ба таври фосилавӣ назорат кунанд”, – гуфтанд намояндагони ин созмон.
Ҳамчунин, ба таъкиди онҳо, тавассути ин барнома волидайн метавонанд назорат баранд, ки фарзандонашон дар дарс иштирок мекунанд ё не, имрӯз чӣ вазифаи хонагӣ гирифтаанд ва аз раванди дарс чӣ натиҷа доштанд.
Масъулини барнома мегӯянд, ҳамаи муассисаҳо бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин буда, дар шуъбаи маорифи шаҳр Маркази назорат ташкил карда шудааст, ки 5 мутахассис фаъолияти барномаро дар муассисаҳоро назорат мекунад.
Давлаталӣ Саид зимни муаррифии барнома гуфт, ки масъалаи иштироки хонандагон ба дарсҳоро ҷиддӣ гирифта, “дар ҳар як синф нишон дода шавад, ки чанд нафар хонанда дар дарс иштирок дорад ва сабаби ширкат накардани бархеҳо дар чӣ аст”.

“Хуб мешавад дигар муассисаҳои таълими аз ҷумла колеҷҳо, донишгоҳҳо ба ин барнома пайваст шаванд. Мақсад, тайёр кардани мутахассисони ҳирфаӣ ва бо истифода аз ин барнома назорати раванди таълим аст, ки дар оянда мутахассисони ботаҷриба тарбия кунем”,- гуфт раиси вилоят.
Масъулини ТҶ “Ҷуръат” гуфтанд, ки давра ба давра ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин барнома пайваст мешаванд. Шаҳри Бохтар дувумин шаҳрест, ки ба ин барнома пайваст шуд. Қаблан ин барнома дар мактабҳои ноҳияи Ёвон роҳандози шуда буд.
Барномаи ҳамсон дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд. Сар аз соли 2021 то сентябри соли 2025 ҳамаи мактабҳои пойтахт ба барномаи “eDonish” пайваст шуданд.
Ин барнома низ дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури хонандагон ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад. Ҳамчунин тавассути “eDonish” волидайн метавонанд вақти ба мактаб омадан ва рафтани фарзандашонро пайгирӣ кунанд.
Бо ин вуҷуд ин, дар чанд мактаб то ҳол журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад ва омӯзгорон ҳам дар журнали электронӣ ва ҳам журнали анъанавӣ баҳо мегузоранд.

