Боздошти 6 ҷавон дар Душанбе бо гумони содир кардани ҷинояти сайберӣ бо истифода аз корти бонкӣ ва симкорт

Мақомот аз гумонбарон қариб 2 ҳазор корти бонкӣ дарёфт кардаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Пулиси Душанбе аз ошкор кардани чанд ҷинояти сайберӣ бо истифода аз корти бонкӣ ва симкорти телефон хабар дода, гуфтааст, ки дар пайи ин 6 ҷавонро боздошт кардаанд. Гумонбарон аз номи шаҳрвандон аз бонкҳои гуногун корт гирифта, аз интернет ғайриқонунӣ пул ба даст меовардаанд.

Раёсати корҳои дохилӣ (РВКД) дар Душанбе, рӯзи 15-уми апрел дар як гузориш аз саркардаи ин гурӯҳ Муҳаммадҷон Маҳмадализода, сокини 24 солаи пойтахт ном бурда, гуфтааст, ки аз ӯ 615 корти бонкӣ, 20 телефони мобилӣ ва шумораи зиёди ҳамёни электронӣ дарёфт кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ӯ аз номи шаҳрвандон аз бонкҳои гуногун корт дарёфт карда, ҳамёнҳои электронӣ ба қайд мегирифт ва корту ҳамёнҳоро “дар ихтиёри казинои сомонаҳои интернетӣ гузошта, аз ин ҳисоб маблағи калон ба даст меовард”.

Аз Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки гумонбарон бо роҳи “ба иҷора додани кортҳо ва дар ихтиёри казиноҳои интернетӣ гузоштани ҳамёнҳои рақамӣ, маблағ ба даст меоварданд”.

Маҳмадализода дар гузориши РВКД ба гуноҳи худ иқрор мешавад, вале маълум нест, ки ин иқрор таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Пулиси Душанбе аз дигар гумонбарон, Фариш Тайбуншоев, Муллошариф Мақсудов, Шодмон Зокиров, Соҳиб Турсунов ва Мавлуда Ахмедова ном бурда гуфтааст, ки охирӣ корманди маркази “деллерӣ” (хидматрасонӣ) аст. Вале, мақомот аз ин марказ ва бонкҳое, ки гумонбарон кортҳоро дарёфт кардаанд, ном набурдаанд. Бештари бонкҳо дар кишвар бе ҳузури шахсе, ки аз номи ӯ корт дарёфт мешавад, суратҳисоби бонкӣ намекушоянд.

“Муайян шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ бо роҳи пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ шиносномаҳои шаҳрвандонро ба даст оварда, бе ризояти онҳо кортҳои пластикӣ ва симкортҳоро ба номи онҳо ба расмият даровардаанд. Бо ин роҳ онҳо мехостаанд, ки ҷиноятҳоро пинҳон доранд”,-зикр шудааст дар гузориши РВКД дар пойтахт.

Мақомот гуфтаанд, ки Муллошариф Мақсудов барои дарёфти корти бонкӣ ба ин гурӯҳ кӯмак мекард ва аз ӯ 1 ҳазору 315 корт гирифтаанд. Дар умум мақомот аз гумонбарон 1 ҳазору 910 адад корти бонкӣ дарёфт кардаанд, ки дар раванди ҷиноятҳои сайберӣ истифода мешудаанд.

Алайҳи гумонбарон бо иттиҳоми тайёр кардан ё ба муомилот баровардани кортҳои сохтаи бонкӣ (моддаи 282, қисми 2, банди “а”-и КҶ), парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 5 то 8-соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбарони дигавр дар пайванд ба ин қазия дастрас нест.

Бояд гуфт, ки қалобии сайберӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, мақомоти интизомии кишвар низ борҳо сокинонро аз ин ҳолат, огоҳ карда буданд. Чанд бонк низ дар пайи шикояти шаҳрвандон аз рабудани пули онҳо аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои рақамӣ, вокуниш нашр карданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 вобаста ба ҷинояҳои сайберӣ 45 парванди ҷиноятӣ алайҳи 114 тан боз шудааст.

Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд ва барои пешгирии он чӣ бояд кард? дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг