Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ҷалби гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ба Русияро шарҳ дод

Ин ниҳод қадам ба қадам ҳамаи раванди сафарро гуфт.

Сайфиддин Қараев, asia+

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират Тоҷикистон дар Русия созишномаи сафари гурӯҳии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русияро, ки чанде пеш аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуд, шарҳ додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки тарҳи мазкур, ҷараёни дарёфти корро осон ва ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ҳифз мекунад.

Намояндагӣ қадам ба қадам чӣ гуна бо кор таъмин шуданро дар доираи ин барномаи давлатии муҳоҷирати корӣ тавзеҳ додааст.

Барномаи таъмин бо кор дар Русия чӣ гуна кор мекунад?

Зинаи 1: Интихоби кор

Қадами аввал дар доираи барнома интихоби ҷойи кори муносиб мебошад. Барои ин шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз пойгоҳи “Кор дар Русия” (Работа ва России) истифода баранд, ки дар он пешниҳодот дар бораи ба фаъолияти меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷамъоварӣ шудааст.

Зинаи 2: Пешниҳоди дархост

Баъди интихоби ҷойи кори муносиб, ба Вазорати меҳнату муҳоҷират Тоҷикистон дархост пешниҳод кардан лозим аст. Ин марҳилаи расмиест, ки ба оғози раванди анҷоми расмиёти ҳамаи ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад.

Зинаи 3: Аз санҷишҳо гузаштан

Ҳамаи довталабон ба гузаштан аз якчанд санҷиш бо шумули муоинаи тиббӣ, қайди биометрӣ ва санҷиши надоштани доғи судӣ уҳдадоранд. Ин санҷишҳо дар қаламрави Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Зинаи 4: Имзои қарордоди меҳнатӣ

Баъди муваффақона гузаштан аз ҳамаи санҷишҳо, шаҳрванд бо корфармо дар Русия расман созишномаи меҳнатӣ ба имзо мерасонад. Ин санад ҳифзи ҳуқуқҳои ӯро таъмин намуда, риояи ҳамаи шартҳои корро кафолат медиҳад.

Зинаи 5: Таҳияи ҳуҷҷатҳо ва омода шудан ба сафар

Вақте ки аз ҳамаи ин зинаҳо гузаштед, ҳуҷҷатҳо барои сафар таҳия мешаванд. Шаҳрванди Тоҷикистон барои оғози кор метавонад мувофиқи қарордоди расмии корӣ ба Русия сафар кунад.

Афзалиятҳои иштирок дар барнома

1. Кори қонунӣ

Зимни кор тибқи қарордоди расмии корӣ дар Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд мутмаин бошанд, ки фаъолияти онҳо комилан қонунист ва ҳуқуқҳои онҳо ҳифз мешавад. Ин хавфҳои марбут ба кори ғайриқонуниро бартараф месозад.

2. Кафолатҳои иҷтимоӣ

Корфармо ба пешниҳоди суғуртаи тиббӣ, инчунин дигар кафолатҳои иҷтимоӣ бо шумули пардохти ғизо ва манзил уҳдадор мешавад. Ин барои муҳоҷироне, ки на ҳама вақт метавонанд ин шароитҳоро мустақилона барои худ фароҳам оранд, бахусус муҳим аст.

3.Таҳсил ва омӯзиш

Дар чаҳорчӯби барнома иштирокчиён метавонанд забони русиро омӯхта, бо таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории он шинос шаванд. Ин ба бештар мутобиқ шудан дар кишвари нав кумак карда, имкони муваффқона ба зинаҳои дигари касб расиданро зиёд мекунад.

4. Расмиёти осону соддатар

Анҷом (иҷро)-и расмиёт ва санҷиш ба таври назаррас соддатар шудааст. Ҳамаи санҷишҳои тиббӣ, биометрӣ ва ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мегузаранд, ки ин ба ҷараён суръат бахшида, сарборӣ ба кормандонро кам мекунад.

5. Кумак дар ҳамаи марҳилаҳо

Барномаи давалатӣ дар ҳамаи марҳилаҳо – аз интихоби кор ва пешниҳоди дархост то таҳияи ҳуҷҷатҳо ва ташкили сафар дастгирӣ пешниҳод мекунад. Ин барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷараёнро хеле бароҳат ва бехатар мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми апрел вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба “Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия” тасдиқ карданд.

Тибқи ин санад, минбаъд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар қисми зиёди расмиёти пеш аз сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русияро дар дохили кишвар анҷом дода, онҳоро ба таври дастҷамъона ба Русия мефиристад. Дар ин сурат, муҳоҷирони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки баъди ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар танҳо иҷозатномаи корӣ (патент) гирифта, ба кор оғоз кунанд.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни муаррифии санад, ҳадафи онро ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик гуфта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.