Дар пайи истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Панҷакент 4 нафар заҳролуд шудаанд. Ҳамчунин, 25 каси дигар бо гумон заҳролудшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Маркази беҳдоштии Суғд бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 6-уми апрел рух дода, заҳролудшудаҳо баъди як шабонарӯзи табобат аз беморхона рухсат дода шуданд. Беморон гуфтаанд, ки пас аз истеъмоли гӯшти мурғ (грил) дар тарабхонаи “Абубакр”-и шаҳр вазъи саломаташон якбора бад шудааст.
“Ҳамзамон, аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент дар ошхонаи мазкур санҷиши назоратӣ гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки ҳангоми коркарди технологӣ ва нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории тезтайёр ба як қатор камбудиҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар рафти кор риоя карда нашудааст”, – гуфтааст ин ниҳод.
Ба навиштаи манбаъ, то ислоҳи пурраи камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти ошхонаи “Абубакр” боздошт шудааст.
Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон панҷ узви як оила дар ноҳияи Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида дар бемористон бо бемории ботулизм бистарӣ шуда буданд. Мутаассифона ҳолатҳои маргт ҳам ба қайд гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд.


