Пас аз якуним моҳ даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуда буд, шаби гузашта Лубнон ва Исроил ба оташбаси 10-рӯза созиш карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби гузашта эълон кард, ки бо Ҷозеф Авн, раисҷумҳури Лубнон ва Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст ва онҳо “барои дастёбӣ ба сулҳ миёни кишварҳояшон” ба ин оташбас розӣ шудаанд.
Бар асоси эълони раисҷумҳури Амрико, ин таваққуфи ҷанг аз соати 17:00-и 16-уми апрел ба вақти шарқии Амрико (соати 00:00-и 17-уми апрел ба вақти Исроилу Лубнон ва соати 2:00-и ҳамин рӯз ба вақти Душанбе) оғоз шудааст.
Трамп гуфт, ба Ҷей Ди Вэнс, ноибаш ва Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико дастур додааст, ки “бо Исроил ва Лубнон барои ба даст овардани сулҳи пойдор ҳамкорӣ кунанд”.
Ӯ афзуд, ки Лубнон ва Исроил хоҳони сулҳанд ва аз Натаняҳуву Авн даъват хоҳад кард, то ки барои музокирот ба Кохи Сафед биёянд. Баъдан, Трамп аз “Ҳизбуллоҳ” ҳам хост, ки ба оташбас пойбанд монад.
Раисҷумҳури Амрико дар идома иддао кард, ки низоъ дар Лубнон “10-умин ҷангест”, ки ӯ дар давраи дуюми раёсатҷумҳурияш ба он поён медиҳад ва ин барояш “ифтихор” аст.

Ҳарчанд хабари оташбаси мазкурро Трамп эълон кард ва Вашингтону ҳукумати расмии Лубнон онро ҷудо аз созиши оташбас бо Теҳрон ҷилва доданд, вале расонаҳо навиштаанд, ки ин оташбас бо талош ва фишорҳои Эрон ба даст омадааст. Теҳрон аз рӯзи оғози оташбас бо Вашингтон гуфта буд, ки Лубнон ҳам шомили он аст, вале пас аз радди ин ҳарф аз сӯйи Амрикову Исроил ва идомаи ҳамалоти Телавив ба Бейрут, Ҷумҳури Исломӣ дар талош буд, ки дар Лубнон ҳам оташбас барқарор шавад. Қатъи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, ба навиштаи расонаҳо, ба як гиреҳ дар музокироти хатми ҷанг миёни Вашингтон ва Теҳрон дар Покистон табдил ёфта буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукмати Лубнон аз оташбаси 10-рӯза бо Исроил истиқбол кардааст. Исроил онро “фурсате барои расидан ба як созиши таърихӣ” хонд, вале гуфтааст, пас аз оғози оташбас ҳам нерӯҳояш дар бахшҳое аз ҷануби Лубнон боқӣ мемонанд.
“Ҳизбуллоҳ” эълон кард, ки ҳар гуна оташбас бо Исроил бояд “қатъи пурраи ҳамлаҳо дар саросари қаламрави Лубнон”-ро дарбар гирад ва ба нерӯҳои Исроил иҷозат надиҳад, ки озодона амал кунанд.
Эрон ҳам аз оташбаси Лубнону Исроил истиқбол кардааст. Аз ҷумла, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон гуфтааст, ки қатъи ҷанг дар Бейрут “бахши ҷудоинопазир”-и созиши оташбас миёни Теҳрон ва Вашингтон аст.
Ҳамчунин, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, гуфтааст, ки Эрон аз аввал ба зарурати оташбас дар тамоми минтақа, аз ҷумла Лубнон, таъкид карда, пас аз музокироти Исломобод низ “ин масъаларо бо ҷиддият пайгирӣ кард”.
Бархе нуктаҳои оташбаси Исроил ва Лубнон
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико тафсилоти оташбаси 10-рӯза байни Исроил ва Лубнонро эълон кард. Тибқи ин изҳорот, ду тараф, ки ин ҳафта дар Вашингтон музокироти рӯ ба рӯ доштанд, таъкид кардаанд, ки “бо ҳамдигар дар ҷанг нестанд” ва гуфтаанд, ки бо миёнаравии Амрико бо нияти нек музокироти мустақим анҷом медиҳанд.
Чанд нуктаи муҳими дигари созиши оташбаси мазкур, ки ВКХ-и Амрико эълон кардааст, чунинанд:
– Оташбас ҳамчун “иқдоми некхоҳонаи ҳукумати Исроил” тавсиф шудааст;
– Агар музокирот пеш равад, бо мувофиқаи ду ҷониб, имкон дорад, ки оташбас тамдид карда шавад;
– Бо вуҷуди оташбас, Амрико ба “ҳуқуқи Исроил барои андешидани ҳама чораҳои зарурӣ барои дифоъ аз худ” аз таҳдидҳои дарпешистода ё идомаёбанда таъкид кардааст;
– Ҳукумати Лубнон аҳд бастааст, ки пас аз оғози оташбас барои пешгирии фаъолияти “Ҳизбуллоҳ” ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ чораҳои муассир меандешад;
– Тарафҳои оташбас “бар масъулияти инҳисории ҳукумати Лубнон дар нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ ва мудофиаи миллӣ” таъкид кардаанд;
– Исроил ва Лубнон аз Иёлоти Муттаҳида хостаанд, ки барои ҳалли ҳама масъалаҳои боқимонда байни ду кишвар музокироти минбаъдаро ҳидоят кунад.

Хабарҳо аз нақзи оташбас
Чанд соат пас аз оғози расмии оташбас байни Исроил ва Лубнон гузоришҳо аз тирпаронии Исроил дар чанд деҳаи ҷануби Лубнон нашр шуд. Артиши расмии Лубнон Исроилро ба нақзи оташбас муттаҳам кард ва гуфт, ин кишвар “иқдомоти таҷовузкорона”-е дар ҷануби Лубнон анҷом додаст. Ин ниҳод аз сокинони минтақаҳои ҷанубии Лубнон даъват кард, ки ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд ва дар бозгашт ба ин минтақаҳо шитобкорӣ накунанд.
Ёдрас мешавем, ки “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон аз сӯйи Амрико, рӯзи 2-юми март дар ҳамбастагӣ бо Теҳрон ба даргириҳо дар Ховари Миёна пайваст ва ба Исроил ҳамла кард. Пас аз ин, Исроил вориди хоки Лубнон шуд ва он ҷо ҳамлаҳои ҳавоиву заминиро роҳандозӣ кард, ки боиси куштани шудани беш аз 2 ҳазор нафар ва овора гардидани беш аз 1 миллион тани дигар шуд.
“Ҳизбуллоҳ” гуфт, дар даргириҳо бо Исроил дасти кам 13 сарбози ин кишварро куштааст.


