Покистон дар нақши миёнҷии Амрико ва Эрон. Оё Осим Мунир метавонад “зарфи борут”-ро хунсо кунад?

Кишварҳои Халиҷи Форс чӣ хоҳанд кард?

Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгар, махсус барои asia+

Сафари фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон ва сипас ба Вашингтон, нишонаи оғози марҳалаи нави дипломатияи низомӣ дар Ховари Миёна аст. Дар ҳоле ки Теҳрон ва Вашингтон пас аз ҷанги 40-рӯза дар вазъияти “хусумати вуҷудӣ” қарор доранд, Покистон вориди майдон шудааст, то паёмҳои Амрикову Эронро радду бадал ва оташбаси шиканандаро идора кунад.

Сафари фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир ба Теҳрон бо ҳадафи интиқоли паёми ҷониби Вашингтон, тамдиди оташбас ва ҳамоҳангии даври дуввуми музокироти миёни Эрону Амрико анҷом шуд. Қарор аст ин мақоми олирутбаи низомии Покистон имрӯз, 17-уми апрел, барои пайгирии масоили марбута озими Вашингтон шавад.

Маъмулан дар тӯли даҳаҳои гузашта Умон ва Қатар паёмҳои миёни Амрико ва Эронро радду бадал ва ё аз гуфтугӯҳои ғайримустақими ду тараф мизбонӣ мекарданд. Интихоби Покистон ба унвони миёнҷии музокирот метавонад маънои оғози марҳилаи тоза дар ин заминаро дошта бошад. Агарчӣ Покистон бо Амрико дорои равобити роҳбурдист, ҳамзамон тавонистааст муносиботи ҳусни ҳамсоягиро бо Эрон низ ҳифз кунад.

Осим Мунир аз муҳраҳои калидии ҳукумати Покистон буда, истиқболи ӯ дар фурудгоҳи Теҳрон аз сӯйи вазири хориҷии Эрон Аббоси Ароқчӣ на танҳо нишондиҳандаи аҳамияти ин сафар, балки ҳимоят аз нақши Покистон ба унвони миёнҷии нав мебошад. Табиист, ки ҷониби Эрон аз иртиботи наздики низомиву молии артиши Покистон бо Пентагон (Вазорати дифои Амрико) воқиф аст, аммо ба ин нукта низ таваҷҷуҳ дорад: вақте паёме тавассути фармондеҳи артиши кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ мунтақил мешавад, танҳо ба назари сиёсатмадорони амрикоӣ маҳдуд набуда, балки мавқеи нухбагони низомӣ ва истихборотии онро низ муаррифӣ мекунад.

Акси марбут аз media.az

Ҳамзамон, вуҷуди чунин як маҷрои иртиботии муътабар имкон медиҳад, ки Теҳрон паёмҳои марбут ба усул ва “хутути сурх”-и худро ба сурати возеҳтар ба Вашингтон ва муттаҳидонаш расонад. Пас пазириши рисолати миёнҷигарии Осим Мунир тавассути Амрико ва Эрон, аз як сӯ нишондиҳандаи як навъ эътимод ба ӯву кишвараш ва аз сӯйи дигар, ниёзмандии ҳар ду тараф ба мудирияти буҳрон аст.

Сулҳи пойдор феълан фақат як орзуст

Ҳамлаи густардаи Эрон дар посух ба таҷовузи Амрико ва Исроил ба пойгоҳҳои низомии он дар Ховари Миёна, аз байн бурдани таслиҳоту таҷҳизоти миллиониву миллиардӣ ва дар ниҳоят бастани тангаи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ва бахусус бозори байналмилалии энержиро мувоҷеҳи буҳрон кард, бузургтарин осебро ба ҳайсияти Вашингтон зад ва роҳро барои иқдомоти боҷуръати рақибони дигари Амрико боз кард.

Акси марбут аз AP Photo

Бо ҷанге, ки дар 28-уми феврал тавассути Амрико ва Исроил алайҳи Эрон шурӯъ шуд, танишҳои сиёсӣ миёни Вашингтону Теҳрон вориди сатҳи хусумати вуҷудӣ шуд. Бинобар ин, Доналд Трамп зарбае, ки Эрон ба ҳайсияти низомии кишвараш зад, ба эҳтимоли зиёд нахоҳад бахшид. Агар чунин аст, пас мувофиқати ӯ бо оташбас ва мусолиҳаи эҳтимолӣ метавонад танҳо як иқдоми муваққатӣ бошад. Ҳатман ин нуктаро дар Теҳрон хеле хуб медонанд ва аз ин фурсат барои омодагӣ ба рӯёрӯйиҳои эҳтимолии баъдӣ истифода мекунанд.

Доналд Трамп, ки умедвор буд бо аз байн бурдани раҳбар ва шуморе аз фармондеҳони низомии Эрон кори ин кишварро дар чанд рӯз тамом кунад, ҳоло ба бақои худ дар қудрат меандешад. Дар ин робита интихоботи миёндавраии моҳи ноябри Конгресс бисёр муҳим мебошад. Дар асл, раиси ҷумҳури Амрико умедвор буд ба ин корзори сиёсӣ бо корти “Пирӯзӣ бар Эрон” ворид шавад, аммо ҳоло зоҳиран омода аст ба ҳамзистии иҷборӣ бо ин кишвар тан диҳад ва “Мусолиҳа бо Эрон”-ро ҳамчун дастовард ба намоиш гузорад, то шояд ҷумҳурихоҳон тавонанд аксарияти курсиҳоро ҳифз кунанд.

Пас агарчӣ Вашингтон ҳамчунон ба таҳдиди низомӣ идома медиҳад, аммо дар асл мепазирад, ки фақат мусолиҳа аст, ки метавонад тангаи Ҳурмузро ба ҳолати матлубтар баргардонад, бозори ҷаҳонии энержиро аз ошуфтагии рӯзафзун берун орад ва то ҷойе ба сардаргумии иқтисодӣ поён бахшад.

Ба эҳтимоли зиёд, рӯйкарди роҳбурдии раисҷумҳури Амрико нисбат ба Эрон бидуни тағйир боқӣ хоҳад монд, зеро гумон намеравад, ки хостаҳои ҳаддиаксарии ӯ дар мавриди барномаҳои ҳастаӣ, мушакӣ, паҳподӣ ва масоили дигар ҷомаи амал пӯшанд. Яъне, ба истилоҳ, “зарфи пур аз борут” ҳамоно миёни майдон нигоҳ дошта шудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки миёнҷигарии Покистон то куҷо муваффақ ба коҳиши хатари инфиҷор хоҳад шуд.

Ҳимояти мардум – асоси эътимод ба худ

Ҷанги 40-рӯза чизеро, ки солҳои охир ба назар мерасид заъиф шудааст, дубора ба Эрон баргардонд: инсиҷом ва эътимоди миллӣ. Миллионҳо нафар дар саросари Эрон ба сурати шабонарӯзӣ ва ҳатто гоҳе бо қарор гирифтан дар маърази хатари исобати мушакҳо дар хиёбонҳо боқӣ монданд ва ваҳдату ҳамдилии миллии худро ба намоиш гузоштанд. Ин буд, ки иқдомоти низомии Теҳрон бо чунин як ҳимоят ва сармояи иҷтимоӣ қавитар шуд. Аммо дар тарафи муқобил дудастагии ҷомеа иттифоқ афтод, ки барои раисҷумҳури Амрико ва атрофиёнаш асари сиёсӣ ва равонии комилан манфӣ дошт.

Бори нахуст аст, ки бахши зиёде аз афкори умумии ҷаҳон аз Эрон ба унвони кишвари мавриди таҷовузи низомӣ ҳимоят кард. Паёмҳои сиёсатмадорон ва фармондеҳони аршади низомии Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи бесобиқаи расонаҳои байналмилалии амрикоиву ғарбӣ қарор гирифтанд. Хабаргузориҳо ва расонаҳои ғарбӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо анҷоми мусоҳибаҳо бо сиёсатмадорон ва коршиносони эронӣ, назару дидгоҳҳои онҳоро ҳамагонӣ карданд, ки то ҳадди зиёде муваффақияти Эрон дар “ҷанги ривоятҳо”-ро таъмин кард. Ҳатто Эрон дар фазои маҷозӣ бо истифода аз мемҳои вирусӣ, клипҳои видеоии ҳуши маснуъӣ ва танзи насли Z муваффақтар аз Амрико амал кард, ки мавриди таваҷҷуҳи корбарони амрикоӣ ва ғарбӣ қарор гирифт. Бо дар назар гирифтани нукоти ёдшуда метавон гуфт, ки Теҳрон ба корзори баъдӣ бо ирода ва эътимод ба нафси бештаре ворид хоҳад шуд.

Осим Мунир бо Аббос Ароқчӣ. Акс аз Tasnim

Ин воқеият, ки кишваре пас аз даҳсолаҳо таҳримҳои шадиди иқтисодӣ, молӣ, тиҷорӣ, бонкӣ, таҷҳизотӣ ва фанноварӣ ба тавони истодагӣ ва посухгӯйӣ дар баробари бузургтарин артиши ҷаҳон расидааст, дар чашми бахши зиёде аз мардуми дунё ба намоди истодагиву муқовимат табдил шудааст. Пас ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳазинаҳои сиёсӣ ва ҳайсиятии Амрико дар сурати ҳамлаи низомии дубора ба Эрон бештару сангинтар хоҳад шуд.

Нуктаи дигаре, ки тайи 40 рӯзи ҷанг ба хубӣ дида шуд, ин буд, ки дар майдони набард танҳо қудрат ва фанновариҳои пешрафтаи низомӣ таъйинкунанда нестанд, балки инсиҷом, муқовимат ва тобоварии иҷтимоии як миллат низ қодир аст вазъиятро тағйир диҳад.

Кишварҳои Халиҷи Форс чӣ хоҳанд кард?

Акнун дар давоири коршиносӣ ин пурсиш матраҳ аст, ки пас аз он чӣ бо пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна иттифоқ афтод, оё кишварҳои арабии ин ҳавза ҳамчунон умедвор ба чатри амниятии Вашингтон хоҳанд монд? Оё мухолифаташон бо Эрон ҷиддитар хоҳад шуд?

Дар мавриди аввал, эҳтимол аст ин кишварҳо танҳо чатри амниятии Амрико умед набаста, ба дунболи пайдо кардани теъдоди бештари муттаҳидон бираванд, ки ин рӯйкард мумкин аст фурсатҳои тозаеро дар ихтиёри Чину Русия қарор диҳад.

Дар мавриди дуввум, яъне мухолифат бо Эрон, пас аз он чӣ дар тӯли 40 рӯзи ҷанг мушоҳида карданд (аз ҷумла осебҳои иқтисодӣ ва зерсохтие, ки ба онҳо ворид шуд), эҳтимолан бо эҳтиёт гом бар хоҳанд дошт, муҳосиботи роҳбурдии худро ба хотири ба хатар наандохтани амнияти миллиашон бознигарӣ хоҳанд кард ва ҳамзистиро бар мухолифат бо Теҳрон тарҷеҳ хоҳанд дод. Зеро аз ин ба баъд нақши Эрон дар назми пасоҷангии Ховари Миёна ва ҳатто фаротар аз он мутафовит хоҳад буд.

Исроил ва дипломатияи шикананда

Сафари Осим Мунир ба Теҳрон ва талошҳое, ки аз сӯйи кишварҳои дигар барои тамдиди оташбаси байни Амрико ва Исроил бо Эрон дунбол мешавад, нишондиҳандаи нигаронии байналмилалӣ аз табдил шудани рӯёрӯйиҳои низомии кунунии Ховари Миёна ба як буҳрони ҷиддии амниятӣ ва иқтисодии ҷаҳонист. Эҳтимоли тамдиди оташбаси феълӣ ва идомаи гуфтугӯҳо барои расидан ба натоиҷи нисбатан матлуб барои ҳар ду тараф вуҷуд хоҳад дошт.

Ҷей Ди Вэнс ҳамроҳи Осим Мунир. Аксз аз Getty Images

Аммо ин натиҷа дар сурате ҳосил хоҳад шуд, ки Исроил худро пойбанд ба оташбаси миёни Теҳрону Вашингтон бидонад. Ҳамон гуна ки пас аз оғози оташбаси дуҳафтаӣ дида шуд, Исроил бо ҳамла ба Лубнон хатари аз байн рафтани ин тавофуқро ба миён овард. Эрону Покистон бар он буданд, ки санади оташбас ҷабҳаи Лубнонро низ дар бар мегирад, дар ҳоле ки Исроилу Амрико ин тавофуқро шомили даргирӣ бо “Ҳизбуллоҳ” намедонистанд. Аммо дирӯз Доналд Трамп хабар дод, ки аз панҷшанбешаб оташбаси даҳрӯза байни Исроил ва Лубнон барқарор хоҳад шуд. Агар ин тасмим бо мувофиқати тарафҳои марбутаи лубнонӣ, аз ҷумла “Ҳизбуллоҳ” гирифта шуда бошад, ба пойдории нисбии он метавон умедвор буд, дар ғайри ин сурат, бисёр шикананда боқӣ хоҳад монд. Ба назар мерасад, ки ин масъала дар музокироти миёни Амрико ва Эрон мавриди баррасӣ қарор дошта, мумкин аст яке аз бандҳои тавофуқи эҳтимолиро ташкил диҳад.

Майдон ба ҷойи дипломатияи суннатӣ

40 рӯзи ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон нишон дод, ки ҷомеаи ин кишвар бидуни таваҷҷуҳ ба ихтилофоти сиёсӣ, ҷиноҳӣ, мазҳабӣ ва ғайра барои ҳифзи Меҳан дар баробари таҷовузи хориҷӣ ба мушти воҳид табдил шуд.

Нуктаи дигар ин аст, ки Амрико ва Исроил бо ин иқдоми худ машруъияти низоми ҳокими Эронро беш аз ҳар замони дигаре дар афкори умумии кишвар тақвият карданд. Ба иборати дигар, дар Эрон ҳамон пояҳои қудрат таҳким ёфтанд, ки Ғарб даҳҳаҳост бо он муқобила мекунад. Яъне вақте таҳдиди вуҷудӣ ба суроғи Эрон меояд, дипломатияи суннатӣ камранг мешавад ва нақши ниҳодҳое барҷастагӣ меёбад, ки вазъияти майдони набардро таъйин мекунанд. Ба иборати сода, амалан Сипоҳ, артиш, басиҷ  ва фармондеҳии интизомии Эрон аст, ки бар буҳрон ва масоили марбута мудирият мекунанд ва такя ба тавону қудрати низомиро зомини муваффақият дар музокирот медонанд.

Пас дар чунин як шароите мумкин аст чеҳраҳои сарсахти низомӣ-амниятӣ ба муҳраҳои калидии мароҳили баъдии гуфтушунидҳо табдил шаванд ва дипломатияи суннатиро дар сояи худ қарор диҳанд, ки на танҳо матлуби Амрико ва Исроил нест, балки дар ниҳоят мумкин аст онҳоро аз натоиҷи иқдомоти низомиашон алайҳи Эрон низ комилан пушаймон созад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.