Дар пайи як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ду қочоқбар, ки “аз Афғонистон марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карданд” кушта шуда, як тани онҳо фирор кардааст.
Неруҳои марзбонии КДАМ бо пахши як изҳорот дар хабаргузории “Ховар” гуфтааст, ки ҳодиса нимашаби гузашта рух дода, “се қочоқбар аз Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархор ба хоки Тоҷикистон ворид шудаст”.
“Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуд. Як нафар аъзои гурӯҳ аз торикии шаб истифода карда, ба самти Афғонистон фирор кард”, – омадааст дар баёнияи КДАМ.
Дар ҳамин ҳол, ин баёния гуфта намешавад, ки қочоқбарон узви кадом гурӯҳ будаанд.
Ҳамчунин, КДАМ гуфтааст, ки аз ҷои ҳодиса 2 автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тир, 1 камони шикорӣ ва 2 борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар робита ба ин қазия, мақомот бо 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда (моддаи 195 қисми 2 ), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор (моддаи 200 қисми 4, банди “д”) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтиши ҳодиса идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, мавқеи ҳукумати “Толбон”, ки Афғонистонро идора мекунанд, дар робита ба ин ҳодиса маълум нест. Қаблан, онҳо дар пайи чунин ҳаводис ваъдаи таҳқиқи ҳодисаҳоро медоданд.
КДАМ гуфтааст, ки ҳоло вазъ дар марз “таҳти назорат қарор дорад ва барои таъмини амнияти он минбаъд низ аз тамоми қувваву восита истифода карда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ” медиҳад.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз задухӯрд дар марз бо Афғонистон, ки аксари онҳоро қочоқбар меноманд, хабар медиҳанд. Аз ҷумла, дар се моҳи охир ин дастикам сеюмин иттилои мақомот дар бораи даргирӣ дар марз бо қочоқбарон ва ё аъзои гурӯҳҳои тундрав аст, ки мехостанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд.
Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.


