Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 апрели соли 2026

Имрӯз Рӯзи пойтахти Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 09:00 дар Душанбе ниммарафони анъанавии байналмилалӣ оғоз мешавад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Масофаи дави ниммарафон 21 км 97,5 метр буда, аз роҳи назди маҷмаааи “Наврӯзгоҳ” оғоз ва дар ҳамон ҷо ба охир мерасад.

– Имрӯз ба муносибати Рӯзи пойтахт дар толори Мактаби кӯдаконаи мусиқии ба номи Одина Ҳошим консерти асосӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мешавад. Чорабинӣ соати 14:00 оғоз шуда, дар оғози консерт, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, аз ҷумла “Беморхонаи сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тиббии сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол” барпо мешавад.

– Имрӯз соати 16:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Шарофиддин Сайфиддинов – “РӮДАКӢ” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет 33 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 18:00 дар “Кохи Суруш” барномаи консертии “Истгоҳи ҳунар” баргузор мешавад. Арзиши билет вобаста ба ҷойи нишаст аз 50 то 150 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Ин ҷашн ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ки имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Соли 1998 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2003 – Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи чораҳои иловагӣ барои татбиқи Қонун “Дар бораи авф намудани шаҳрвандон вобаста ба қонунӣ намудани маблағҳои пулии онҳо” қарор қабул кард.

Соли 2016 – Вазорати корҳои хориҷии ИМА бори аввал Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо озодиҳои мазҳабӣ поймол мешаванд.

Соли 2018 – Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб  дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Соли 2019 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси “Бунёди рушди пойтахти Тоҷикистон” қарор ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1914 – Зодрӯзи Фотеҳ Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

Фотеҳ Ниёзӣ яке аз нависандагони забардасти тоҷик буда, соли 1934 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) омадааст. Ӯ дар рӯзномаҳои “Барои маорифи коммунистӣ” (баъд – “Газетаи муаллимон”, ҳоло “Омӯзгор”), “Тоҷикистони Сурх” фаъолият кардааст.

Моҳи декабри соли 1941 ихтиёран ба Ҷанги бузурги Ватанӣ рафта ва маҳз ширкаташ сабаб шуд, ки чанд асар дар ин мавзуъ таълиф кунад.

Махсусан, романи аввалини ӯ “Вафо”, ки ба форсӣ баргардон ва русӣ тарҷума шудааст, воқеаҳои солҳои ҷангро дар бар мегирад. Баъдан қиссаҳои “Димаи диловар”, “Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг”, “Духтари ҳамсоя” ба табъ расиданд. Романҳои ӯ “Ҳар беша гумон мабар, ки холист….”, “Сарбозони бесилоҳ” тасвири манозири ҷангро идома додаанд.

Драмаи “Кӯпрук” аз тарафи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ борҳо пешкаши тамошобинон гардидааст. Дар асоси филмномаҳояш филмҳои ҳунарии “Духтари сеюм”, “Оилаи Ғаюровҳо” ба саҳна омадаанд.

Фотеҳ Ниёзӣ 1-уми сентябри соли 1991 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1928 – Мавлуди Маҳмадалишо Ҳайдаршо, шоир, тарҷумон ва фелетоннависи тоҷик.

Ҳайдаршо Маҳмадалишо баъди хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси муаллим фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашт ва аз соли 1974 муҳаррири калони моҳномаи “Коммунисти Тоҷикистон” буд.

Ӯ аз аввали солҳои 50-ум ба гуфтани шеър оғоз намуд. Ашъори ӯ дар маҷмуаҳои “Ҳамсинфони ман”, “Садои баҳор”, “Бачаҳои Москва, “Гулхандаи замин”, “Дарё омад”, “Помири ман”, “Баёзи сангин” гирд омадаанд.

Инчунин ӯ муаллифи китоби ҳаҷвии “Хористони Хорпуштак” аст. Шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳои дигари ӯ дар маҷаллаҳои “Хорпуштак” ва ҳафтаномаи “Мушфиқӣ” ба табъ расидаанд.

Соли 1938 – Зодрӯзи Бозор Назриев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор ва яке аз поягузорони оптикаю спектроскопия дар Тоҷикистон.

Соли 1941 – Мавлуди Меҳрӣ Исҳоқбоева, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон.

Соли 1960 – Зодрӯзи Раҳмоналӣ Шарифов, олим, бостоншинос ва таърихшиноси тоҷик, муаллифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1963 – Мавлуди Суҳроб Шарифов, арбоби сиёсати Тоҷикистон, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Суҳроб Шарифов соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намуда, сипас то соли 1993 дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил намудааст. Фаъоляити меҳнатиаш аз ҳамин даргоҳ оғоз гардид ва то соли 1998 кор кард.

Соли 1998 ба ватан баргашта, то соли 2001 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсат, солҳои 2001-2003 дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, солҳои 2003-2005 ёрдамчии Президенти Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Суҳроб Шарифов соли 2005 директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2011 дар ин вазифа кор кард. Аз соли 2011 то дами марг вакили палатаи поёнии парлумони кишвар буд.

Номбурда 19 январи соли 2015 дар синни 51-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 1966 – Мавлуди Бурҳониддин Тӯраев, забоншинос, номзади илмҳои филологӣ.

Соли 1991 – Муқадас Маҳмудов, ҳунарпешаи театр ва коргардони синамо дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Муқаддас Маҳмудов, ки муддате роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” ҳам буд, бо ба саҳна овардани чанд филми мондагор дар таърихи синамои миллӣ номи худро сабт кардааст.

Ӯ мактаби махсуси артиллерия ва Консерваторияи Маскавро хатм намуда, фаъолияташро дар Театри академии драмавии Лоҳутӣ оғоз кардааст. Як муддат дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.

Муқадас Маҳмудов дар ҳамкорӣ бо оҳангсоз Александр Затсепин филмҳои “Рояли сафед”, “Ошпаз ва сароянда”, “Шераки далер”, “Духтарон аз Суғдиён”-ро офаридааст.

Филмҳои “Шаби 1002-юм”, “Арӯсу домод”, “Вақте ки осиёб бозистод”, “Панҷ нафар дар роҳ”, “Забткорӣ”, “Дар гузаргоҳ тир напарронед!”, “Риштаи нуқрагин”, “Дом барои шағолҳо” аз филмҳои дигарест, ки офаридааст.

Аз ҷумла, соли 1986 филми “Дом барои шағолҳо”-и ӯ дар Ҷашнвораи 19 – уми Умумииттифоқӣ дар (Алма-Ато) соҳиби ҷоиза гардид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 18 апрел дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ таҷлил мегардад.

Ин рӯз, ки ҳамчун Рӯзи мероси ҷаҳонӣ низ шинохта шудааст, соли 1982 аз ҷониби Ассамблеяи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ (ICOMOS) таъсис ёфтааст ва бо пуштибонии ЮНЕСКО таҷлил мешавад.

Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангии ҷаҳон аст. Ин рӯз ҳамчунин имконият медиҳад, то мардум бо гуногунрангии мероси ҷаҳонӣ шинос шаванд ва дар бораи талошҳое, ки барои ҳифзи он анҷом дода мешаванд, бештар огоҳ гарданд.

18 апрели соли 1902 дар ҷаҳон бори аввал гирифтани изи ангушт (дактилоскопия) барои шиносоии ҷинояткор истифода гардид. Ин дар Дания рух дод.

Дактилоскопия – усули шиносоии шахс тавассути изи ангушт, ки бар пояи намунаи нодири рахҳои пӯсти ангушт асос ёфтааст. Ин намунаҳо дар тӯли умр тағйир намеёбанд ва баъди осеб ҳам барқарор мешаванд. Имрӯз дактилоскопия барои ҳимояи маълумоти рақамӣ ва тасдиқи шахсият васеъ истифода мешавад.

18 апрели соли 1906 дар натиҷаи заминларза як қисми шаҳри Сан-Франсиско хароб гардид. Соати 5:11 субҳ зарбаи аввал ба амал омад. Пас аз он зарбаи дуюм, ки пурқувваттарин ва вайронкунандатарин буд. Дар натиҷаи зарбаи 40-сониягӣ, ки 8,3 баллро ташкил медод, бисёре аз биноҳои чандқабата фурӯ рехтанд ва кӯчаҳо шаклашонро иваз карданд. Шаҳри зебо дар чанд сония ба харобазор табдил ёфт.

Ҳамасола 18 апрел Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи таъсиси Иттиҳоди байналмилалии радиодӯстдорон дар соли 1925 дар Париж рост меояд.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии жонглёрҳо таҷлил мешавад. Ин ҳунар дар замони қадим низ маълум буд. Дар мақбараи фиръавни Миср Хнумхотеп II (Бени-Ҳасан) тасвирҳое ёфт шудаанд, ки духтарон бо тӯбҳо жонглёрӣ мекунанд.

Нависандаи Юнони Қадим Ксенофонт аз раққосае менависад, ки бо 12 ҳалқа жонглёрӣ мекард, дар ҳоле ки Лан Зии чинӣ бо 7 шамшер ҳунарнамоӣ мекард.

Баъдан, жонглёрҳоро ҳатто ҳамчун ҷодугар таъқиб мекарданд. Танҳо дар охири асри XVIII бо пайдоиши сирки аввалин, ин ҳунар расман эътироф шуд. Имрӯз садҳо клубҳои жонглёрӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии жонглёрҳо ва Федератсияи ҷаҳонии жонглёрӣ фаъолият доранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят баъзан борон ва дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.