“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Ширин Раҳмонова, аsia+

Ба мактаб бурдани телефон ва истифодаи он зимни дарсҳо аз сӯи хонандагон гоҳе дарди сари ҷиддии волидайни мактаббачаҳо мешавад. Ин баҳс солҳо боз идома дорад. То куҷо ба дарс бурдани телефон ва истифодаи он дар ҳудуди мактаб иҷозат аст? Кӯшиш кардем, ба ин ва дигар саволҳо аз Вазорати маориф ва илми тоҷикистон посух дарёбем.

Бо телефон ба мактаб омада, онро танҳо ҳангоми дарс истифода кардан мумкин аст?

  • Бале. Дар қонуни “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълими тарбияи фарзанд” овардани телефон ба мактаб манъ нашудааст. Аммо истифодаи телефон дар вақти дарсҳо манъ аст. Ин масъулият ба дӯши волидайн ва маъмурияти мактаб вогузор шудааст.

Яъне истифодаи он дар вақти танаффус манъ нест?

  • Бале, дар қонун ин мустақиман манъ нашудааст.
Акс аз Keystone / Christian Beutler

Оё истифодаи телефон дар вақти дарс ҳатто барои дидани вақт ҳам мумкин нест?

Истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми дарс ҳатто барои дидани вақт манъ аст. Дар вақти танаффус иҷоза дода мешавад.

Гоҳо падару модарон нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи рейду санҷишҳо дар мактаб телефони фарзандонашонро ҳатто агар дар даруни ҷузвдонашон бошаду истифода накунанд ҳам мегиранд. Оё чунин кор қонунӣ аст? Кӣ ба гузаронидани чунин санҷишҳо ҳақ дорад?

  • Муассисаи таълимӣ ба мусодираи телефон мобилӣ аз хонанда, ки дар вақти дарс истифода намешавад, ҳуқуқ надорад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки чунин кофтуковҳо гузаронад.

– Агар кӯдак ба мактаб на смартфон, балки телефонии одӣ орад, ки бо он метавон танҳо занг зад, онро метавонанд гиранд?

  • Дар қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон таълиму тарбияи фарзанд” овардани телефон ба мактаб манъ нашудааст. Аммо такрор шавад ҳам, мегӯем, ки ҳама гуна истифодаи телефон, муҳим нест кадом намуди телефон, ҳангоми дарс манъ аст.

– Аллакай вақте ки кӯдак аз дарвозаи мактаб ба берун мебарояд, метавонад аз телефон истифода кунад?

  • Бале, талаботи қонун танҳо дар вақтҳои хониш дар мактаб амал мекунад.

Бо кӯдак ҳодисаи фавқулода рух дод, ба волидайнаш хабар додан лозим аст. Оё кӯдак метавонад аз телефони худаш истифода барад?

  • Бале, ин имконпазир аст. Ғайр аз ин, дар сурати зарурат хонанда бо волидайнаш метавонад аз телефони омӯзгор, мудири муассиса ва телефони кории мактаб тамос гирад. Дар чунин ҳолатҳо ба ҳифзи ҳаёти кӯдак ва тамос бо волидайнаш афзалият дода мешавад.

– Оё мактаб барои мустақилона ҷорӣ кардани қоидаҳо барои истифодаи телефон, масалан пурра манъ кардани телефонҳо ҳуқуқ доранд?

Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон амал карда, танҳо бар асоси он танзим мешавад.

Вазорат таъсири манъи пурраи телефонҳо ба раванди хониш ва бехатарии хонандагонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

  • Дар қонуни масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд манъи мустақими пурраи истифодаи телефонҳо пешбинӣ нашудааст. Манъ танҳо дар соатҳои хониш амал карда, масъулияти ташаккул ва тарбияи фарҳанги истифодаи телефонҳо ба дӯши волидайн ва дигар шахсоне, ки аз номи онҳо амал мекунанд, вогузор шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.