Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Сайфиддин Қараев, Шоира Қудрат, asia+

Тоҷикистон аз рӯйи фарогирии аҳолӣ ба шуғл миёни 187 кишвар дар зинаи 175-ум қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2025, ба иддаои мақомот, дар кишвар ҳудуди 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Аммо танҳо чоряки ин ҷойҳои корӣ, доимӣ буда, мақомот ҳадаф доранд, ки солҳои наздик дар дохили ҷумҳурӣ 1,4 миллион ҷойи корӣ таъсис диҳанд.

Тибқи пажӯҳиши ахири Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) барои соли 2025, сатҳи фарогирии аҳолӣ бо шуғл дар кишвар 36%-ро ташкил медиҳад, ки ин каме бештар аз сеяки аҳолии қобили меҳнатро фаро мегирад.

Сатҳи шуғл яке аз нишондиҳандаҳои калидии вазъи бозори меҳнат ба ҳисоб меравад. Он ҳиссаи шаҳрвандони аз 15-сола болоро, ки ба шуғл фаро гирифта шудаанд, нишон медиҳад ва бар асоси маълумоти хадамоти миллии омор, ки аз ҷониби СБМ коркард мешавад, ҳисоб карда мешавад.

Коршиносони СБМ бар ин назаранд, ки нишондиҳандаҳои паст метавонанд на танҳо ба бекорӣ, балки ҳиссаи зиёди одамоне, ки ба иқтисод ҷалб нашудаанд, вобаста бошад. Ба ин гурӯҳ донишҷӯён, занҳои хонашин ва шахсоне, ки дар бахши ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд, дохил мешаванд.

Дар миёни кишварҳои ИДМ низ Тоҷикистон дар қатори ақибмондагон қарор дорад. Пешсафи минтақа Қазоқистон мебошад, ки бо нишондиҳандаи 67%-и фарогирии аҳолӣ ба шуғл, зинаи 29-умро дар ҷаҳон касб кардааст. Беларус бо нишондиҳандаи 61% дар мақоми 67-ум ва Русия бо 60% дар зинаи 73-юм қарор доранд. Қирғизистон ва Ӯзбекистон мутаносибан ҷойҳои 111 ва 114-умро ишғол намуда, нишондиҳандаҳояшон тақрибан 55%-ро ташкил медиҳад.

Мақомот чӣ мегӯянд?

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар пеши худ вазифаҳои “баланд гузоштаанд”. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ қаблан гуфта буд, солҳои наздик дар назар аст, дар кишвар 1,4 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шавад. Ӯ таъмини аҳолиро бо шуғл зарур дониста, гуфта буд, давоми даҳ соли охир теъдоди аҳолии қобили меҳнат 880 ҳазор нафар афзудааст.

Акси марбут, Акс аз "Азия-Плюс"

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли 2025 дар кишвар тақрибан 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Вале ҳамоно сохтори фарогирӣ бо шуғл мушкилзо боқӣ мемонад, зеро танҳо 75 ҳазор (26,2%) ҷойи кори доимӣ буда, тақрибан 50 ҳазор муваққатӣ ва 152 ҳазор мавсимӣ аст.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат ва муҳоҷират низ дар нишасти матбуотии охир гуфт, чунин вазъ аз вобастагии баланди бозори меҳнат ба шаклҳои мавсимӣ ва муваққатии шуғл, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ ва хидматрасонӣ шаҳодат медиҳад.

Дар Тоҷикистон соли 2022 барои ҳалли мушкилоти соҳаи шуғл ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ барои давраи то соли 2040” қабул гардид. Муҳоҷират, набудани ҷойи кори муносиб, музди меҳнати паст аз мушкилотест, ки интизор меравад қабули Консепсия дар ҳаллашон мусоидат кунад.

Дар Консепсия кадом мушкили соҳаи шуғл зикр ва чӣ роҳҳалҳо пешбинӣ шудаанд? Посухи ин ва дигар суолҳо дар матлаби “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” то куҷо ба ҳалли мушкили соҳаи шуғл мусоидат мекунад? муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.