Вакилони парлумони Тоҷикистон санадеро тасдиқ карданд, ки мувофиқи он, аз ин баъд муҳоҷирон барои кор ба Русия ба таври муташаккилона фиристода мешаванд. Ҳамчунин, қисмате аз расмиёти ҳатмиро онҳо ҳанӯз то оғози сафар метавонанд ин ҷо – дар Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Чунин тағйирот ба “Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар қаламрави Русия” ворид гардида, рӯзи 8-уми апрел аз ҷониби вакилон тасдиқ шудааст.
Ҷалби муташаккилона, яъне…?
Ҷалби муташаккилона ин шеваи муҳоҷират ба таври гурӯҳӣ тариқи сохторҳои давлатӣ аст. Яъне шаҳрвандон на мустақилона ба Русия рафта, худашон кор пайдо мекунанд, балки расман аз ҷониби давлат фиристода мешаванд. Дар Тоҷикистон бо ин кор Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ машғул аст.
Пештар қисми зиёди муҳоҷирон аксаран мустақилона ба муҳоҷират мерафтанд ва худ миёнараву корфармо ҷустуҷӯ ва пайдо мекарданд. Акнун давлат мехоҳад бештар масъулияти ҳамоҳангсозиро ба дӯш гирифта, ин равандро ҳарчи бештар мутамарказ созад.
Лекин ин маънои онро надорад, ки акнун барои кор ба Русия танҳо бо ҳамин роҳ, яъне тариқи Вазорати меҳнат метавон сафар кард. Ҳоло низ муҳоҷирати мустақилонаи шаҳрвандон ба Русия имконпазир аст.
Хавфи шуғли ғайриқонунӣ кам мешавад?
Тартиби ҷалби муташаккилона пешбинӣ мекунад, ки корфармо пешакӣ бо кормандони эҳтимолӣ аз хориҷ мусоҳиба мегузаронад, ба ӯ кафолатҳои иҷтимоиро мувофиқи шартномаи меҳнатӣ таъмин мекунад ва корманд уҳдадор мешавад, ки шартҳои кор ва қонунҳои кишвари будубошро риоя кунад.
Ҳамин тавр, пешбинӣ мешавад, ки низоми байни корфармо ва корманд шаффофтар ва муташаккилтар мешавад. Мувофиқи он корфармо метавонад пешакӣ номзадҳои мувофиқро интихоб кунад. Ин низом бояд хавфи шуғли ғайриқонуниро коҳиш дода, мутобиқшавӣ дар ҷои навро осонтар созад.

Боз чӣ гуна тағйирот сурат гирифт?
Ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ба муҳоҷират тавассути Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҳамчунин мусоидат мекунад, ки қисмате аз расмиёти ҳатмӣ, масалан, гирифтани изи ангушт, муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳони забони русӣ, то сафар дар худи Тоҷикистон анҷом шаванд.
Барои муҳоҷирон низ сафар тариқи ниҳоди давлатӣ кафолат медиҳад, ки дар кишвари Русия аз иҷрои расмиёти зиёде, ки қаблан анҷом медоданд, осонтар ва фаҳмо шавад. Зеро дар ин сурат, шаҳрвандони кишвар баъди вуруд ба қаламрави Русия танҳо иҷозатнома барои кор (патент) гирифта, ба кор оғоз мекунанд.
Ин шева, махсусан, барои онҳое, ки бори нахуст ба Русия мераванд, муҳим аст. Вақте қисмате аз расмиёти ҳатмӣ инҷо сурат мегирад, мантиқан, шахс камтар ба монеаҳо ва мушкилот баъди вуруд ба он кишвар дучор мешавад.
Аллакай арзиши муоинаи тиббӣ барои гирифтани иҷозатнома дар Тоҷикистон маълум аст. Ба гуфтаи Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ин расмиёт 240 сомонӣ ва дар муассисаҳои хусусӣ – 300 сомонӣ арзиш дорад.
Мақомоти Тоҷикистон чӣ мегӯянд?
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки ҳадаф аз навовариҳо ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик аст.
“Протокол ба шаҳрвандони имкон медиҳад, ки қисмати зиёди расмиёт, аз ҷумла дарёфти маълумотномаи тиббӣ, супоридани изи ангушт, имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русияро то сафар дар дохили кишвар анҷом диҳанд”, – изҳор дошт ӯ рӯзи 8-уми апрел зимни суханронӣ дар назди вакилон.

Паҳлӯҳои манфӣ ҳам ҳастанд?
Бале, онҳоро ҳам зикр мебояд кард. Ҷалби муташаккилона аз як тараф ба мақомот ҷиҳати назорати бештари раванди муҳоҷират имкон медиҳад. Аз ҷониби дигар бошад, метавонад ба камбуди қувваи корӣ оварда расонад.
Яке аз нигарониҳои дигар барои бахши хусусӣ ё тиҷорати хурд аст. Тибқи маълумоти хабаргузории РБК, коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз паҳлӯҳои манфии ҷалби муташаккилона ин аст, ки ширкатҳои хурд наметавонанд дар ин низом иштирок кунанд, зеро он пули иловагӣ, ҳуҷҷат ва қоидаҳои шадид талаб мекунад ва кор бо чунин механизм барои онҳо душвор аст. Барои кирои муҳоҷир тариқи ҷалби муташаккилона пешакӣ бояд дар рӯйхати махсус худро номнавис кард, корти мушаххаскунанда (идентификатсионӣ) таҳия намуд ва мунтазам сабти қайдро тамдид кард. Ҳамаи ин барои ҳам корфармо ва ҳам худи коргар пулакӣ аст.
Ширкати бузург барои чунин хароҷот маъмулан қодир аст ва имконият дорад. Лекин барои тиҷорати хурд он сарбории назаррас мебошад. Илова бар ин, талаботи ширкатҳои начандон бузург, соҳибкорони инфиродӣ ва фармоишгарони хусусӣ бисёр вақт тағйир меёбад: имрӯз ба онҳо шахс лозим буда, фардо аллакай нолозим аст ё аллакай барои кори дигар зарур аст. Дар низоми ҷалби муташаккилона бошад, муҳоҷир амалан ба корфармо ва шартҳои мушаххас пойбанд аст, аз ин рӯ, тағйири дубора душвор аст.
Бинобар ин, барои тиҷорати хурд чунин тарҳ метавонад зимни истифода дар амал камсамар бошад ва бо ин сабаб метавонанд коргарон нарасанд.
Ғайр аз ин, ба ҷалби муташакилона худи муҳоҷирон низ метавонанд бовар надошта бошанд.

Масалан, бар асари бовар надоштан ба қоидаҳои шадиди расмиёт (бюрократия) ва нигаронӣ аз вобастагӣ ба корфармо онҳо метавонанд воситаҳои ғайрирасмиро афзалтар донанд.
Ва дар ниҳояти кор, ҳама гуна низоми мутамарказ на танҳо тартибот, балки расмиёти иловагӣ низ мебошад. Нафъ ва ё сарбории он ба муҳоҷирони тоҷик ба муваффақаона амалисозии ин шеваи муҳоҷират рабт дорад.




