Дар остонаи ҷашни 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, таърихнигори шинохта ва профессори донишгоҳ Сайфуллоҳи Муллоҷон зимни як суҳбати ихтисосӣ дар бораи гузаштаву имрӯзи расона андешаашро баён ва барои рушди он пешниҳодашро ироа кард.
Ба ақидаи Сайфуллоҳи Муллоҷон, яке аз вижагиҳои асосии “Азия-Плюс”, ки онро аз дигар расонаҳо фарқ мегузорад, касбияти баландаш аст. Вай зикр кард, ки дар давоми 30 соли ҳамнафасӣ бо ин расона, кам иттифоқ афтодааст, ки хабари носанҷида ё носаҳеҳе дар ин расона нашр шавад.
“Маҳз ҳамин воқеънигорӣ боис шудааст, ки “Азия-Плюс” на танҳо дар дохил, балки дар сатҳи минтақа ва фазои пасошӯравӣ ҳамчун хабаргузории муътамад эътироф шавад”, – иброз дошт профессор.
Ба ақидаи ӯ, “Азия-Плюс” дар 30 соли фаъолияти худ тавонист садои Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он ба таври касбӣ муаррифӣ кунад, аммо имрӯз дунё тағйир ёфтааст ва ниёз ба масирҳои нави иттилоотӣ ба вуҷуд омадааст.
“Садои Тоҷикистонро ҳамон гуна ки бо забони русӣ баён кардед, вақти он расидааст, ки бо забони форсӣ низ баён кунед. Ин корро ман орзу дорам, ки шумо бикунед. Фақат камтар ҷустуҷӯ, ҳаракат, ният ва тасмим даркор аст. Тасмим бошад, албатта, муваффақ мешавед”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Муфассал дар ин навор тамошо кунед:




