Афзоиши зӯроварӣ, хусумати волидайн ва кашолкории мақомот. Соли 2025 кадом ҳуқуқи кӯдакон нақз шудаанд?

Кӯдакон қурбонии асосии талоқ дар Тоҷикистон?

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Дар соли 2025 ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ба вижа аз ҷониби афроди наздику боэътимод афзоиш ёфта, баҳсҳои волидайни ҷудошуда сари пардохти алименту монеагӣ барои дидорбинӣ бо фарзандон ба як буҳрони ҷиддӣ табдил ёфтааст. Дар ин миён, “кашолкорӣ”-и мақомоти давлатӣ дар баррасии шикоятҳо ва иҷро нашудани қарорҳои додгоҳ раванди барқарорсозии ҳуқуқи кӯдаконро боз ҳам сангин кардааст.

Дар ин робита Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмен) бо нашри ҳисоботи солааш хабар дода, мушкили меҳварии соли 2025-ро зикр кардааст.

Соли 2025 ба унвонии Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ, таъмини манфиатҳо ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон 167 (2024 – 186) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки аз ин шумора 56 (2024 – 52) муроҷиат хаттӣ, 109 (2024 – 131) муроҷиат шифоҳӣ ва 2 (с. 2024 – 3) муроҷиат электронӣ будааст.

Омори муроҷиатҳои хаттӣ, тавре дар ҳисобот зикр шудааст, вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он чунин аст:

– шаҳри Душанбе – 21 адад (2024 – 28);

– вилояти Хатлон – 4 адад (2024 – 1);

– вилояти Суғд – 9 адад (2024 – 8);

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 8 адад (2024 – 5);

– ва хориҷи кишвар (Русия) – 13 адад (2024 – 10).

Кадом ҳуқуқҳои кӯдакон ҳифз нашудааст?

Тибқи таснифот, дар соли 2025 бештари шикоятҳо ба таъминоти моддии кӯдакон ва гирифтани алимент тааллуқ доштанд, аммо тамоюли нигаронкунанда афзоиши муроҷиатҳо дар мавриди зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва маҳдуд шудани ҳуқуқ ба таҳсил мебошад. Муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон чунин тасниф шудааст:

– ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтан, алимент, таъминоти иҷтимоӣ – 21 адад (2024 – 24);

– ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озод будан аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ – 10 адад (2024 – 8);

– ҳуқуқ ба таҳсил – 9 адад (2024 – 3 адад);

– ҳуқуқ ба муроҷиат – 7 адад (2024 – 8 адад);

– ҳуқуқ ба муошират (дидорбинӣ ва ҳамсӯҳбат шудан) – 6 адад (2024 – 1);

– ҳуқуқ ба моликият – 2 адад (2024 – 2 адад);

– ҳуқуқ ба саломатӣ – 1 адад.

Модарон талабгори ҳифзи ҳуқуқи фарзандонанд

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак менависад, таҳлили риояи баробарии масъулият зимни таълиму тарбияи кӯдак нишон медиҳад, ки чун солҳои қаблӣ аз ном ва ба манфиати кӯдакон беш аз ҳама модарон муроҷиат мекунанд.

Дар ин робита, дар соли 2025 омори субъектоне, ки аз ном ва ба манфиати кӯдакон хаттӣ муроҷиат кардаанд, чунин аст:

– занон – 26 (2024 – 26) адад;

– мардон – 21 (2024 – 15) адад;

– шахсони ҳуқуқӣ – 9 (2024 – 11) адад.

Ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии кӯдакон, ба таъкиди Ваколатдор, “яке аз самтҳои бунёдии ҳифз ва рушди кӯдак” ба ҳисоб меравад. Дар ҳисобот таъкид мешавад, ки сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, мушкилоти таъминоти кӯдакони оилаҳои камбизоат, зиндагӣ дар муҳити солим, пардохти саривақтии алимент ва истифодаи мақсадноки он ҳамоно боқӣ мемонад.

Таҳлилҳои ин ниҳод нишон додаанд, ки дар соли 2025 низ меҳвари муроҷиатҳоро масъалаҳои дастрасӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ, ғамхории волидайн ва таъмини сатҳи кофии зиндагии кӯдакон ташкил додаанд.

Инчунин, афзоиши муроҷиатҳо вобаста ба ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озод будан аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Қарори додгоҳ иҷро намешавад?

Дар баробари ин, пас аз пош хӯрдани оила, тавре Ваколатдор мегӯяд, падар ё модар наметавонанд, ки бо фарзандашон дидорбинӣ кунанд, агарчи ҳукми додгоҳ ҳам дар ин робита баромада бошад.

“Омори овардашуда нишон медиҳад, ки сол то сол муроҷиатҳо вобаста ба ҳуқуқи шахс ба муроҷиат ва муошират зиёд шуда истодаанд, ки мақсади асосӣ бартараф намудани монеагӣ барои муошират (дидорбинӣ ва ҳамсӯҳбат шудан, – АП)-и кӯдак бо падар, модар ва хешовандони наздик мебошад”, – навиштааст Омбудсмен.

Манбаъ афзуда, волидайне, ки аз ҳам ҷудо шудаанд, шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди ҳукми додгоҳ, ба онҳо иҷозати дидорбинӣ бо фарзандонашонро намедиҳанд. Масъулони Хадамоти иҷро ва нозирони маҳаллӣ наметавонанд ин қарорҳоро иҷро кунанд, ки дар натиҷа мардум маҷбур мешаванд дубора ба идораҳои давлатӣ шикоят баранд.

“Таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки масъалаи муоширати падар, модар ва хешовандони наздик бо кӯдакон чун солҳои қаблӣ ба хусумат, бадбинӣ ва қасосгирии собиқ зану шавҳар ва хешовандони онҳо вобастагӣ дошта, дар бештари ҳолатҳо ҳуқуқҳои кӯдакон вайрон мешавад. Зеро, ин раванд дар шоҳидии кӯдакон ба амал омада, боиси таъсири ҷиддӣ ба ҳаёт, саломатии ҷисмонӣ ва равонии онҳо мегардад”, – таъкид кардааст Ваколатдор.

Кӯдакон аз ҷониби кӣ ҷабр мебинанд?

Ба гуфтаи ин ниҳод, ба эҳтимоли зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон 10 шикоят ворид шудааст: дар 6 ҳолат волидайн, дар 2 ҳолат шахсони бегона ва дар якҳолатӣ омӯзгор ва корманди полис ба бадрафторӣ муттаҳам мешаванд.

“Ташвишовар аст, ки дар бештари ҳолатҳо кӯдакон аз ҷониби шахсоне, ки мешиносанд ва ба онҳо меҳр бастаанд мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд”, – гуфтаанд таҳлилгарони Ваколатдор.

Бо назардошти ҷой доштани эҳтимолияти истифодаи зӯроварӣ муроҷиатҳои мазкур ба Додситонии кулл, ВКД, КДАМ Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Ваҳдат ирсол шудаанд. Аммо Ваколатдор то кунун натиҷаи шикоятҳоро дастрас накардааст.

“Пешниҳоди маълумот аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳо низ саривақтӣ сурат нагирифта, дар ин самт баъзе мақомоти давлатӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки назорати ҳал шудани масъалаҳоро мушкил мегардонад”, – омадааст дар ҳисобот.

Маълум нест, ки “баъзе мақомоти давлатӣ” кадомҳоянд ва назари он ҷониб ҳам дастрас нест.

Омори муроҷиатҳои шифоҳӣ ва қабули сайёр

Дар соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиати шифоҳии 109 нафарро қабул ва баррасӣ кардааст. Ҷуғрофиёи қабули сайёри шаҳрвандон ва таркиби ҷинсии муроҷиаткунандагон чунин аст:

– вилояти Хатлон: 36 нафар (аз ҷумла 16 зан ва 20 мард);

– вилояти Суғд: 20 нафар (аз ҷумла 14 зан ва 6 мард);

– ноҳияи Рашт: 6 нафар (ҳама занон).

Оё зӯроварӣ “даво” дорад? Ба ин савол дар ин матлаби мо маълумоти комил пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.