Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Сайфиддин Қараев, asia+

Чанде пеш дар саросари дунё Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил шуд. Дар ин робита мо тасмим гирифтем, ки дар бораи маъмултарин ҳолатҳои нақзи қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон маълумот диҳем.

1. Кори ихтиёрӣ-маҷбурӣ

Дар Тоҷикистон маҷбур кардани кормандон ба иштирок дар шанбегиҳои тозакунии қаламрав аз партовҳо, кабудизоркунӣ ва ғайра ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Вақте ки ин амалҳо ихтиёрӣ, ду се бор дар давоми сол сурат мегиранд, инро фаҳмидан мумкин аст. Лекин вақте ҳар ҳафта, бахусус пеш аз иду ҷашнҳои сершумор ва пешвози меҳмонон маҷбур месозанд, инро аллакай метавон нақзи ҳуқуқҳои қонунии шахс ба кор ва истироҳат арзёбӣ кард.

Дар шанбегиҳо бештар омӯзгорону кормандони тиббӣ, хидматчиёни корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои тиббӣ иштирок мекунанд. Онҳоро маҷбур мекунанд, ки давоми сол рӯзҳои шанбе ва якшанбе “ихтиёрӣ” ба шанбегиву ҳашарҳои тозакунии қаламрав, баъзан қаламравҳои бегона, кабудизоркунӣ, ҷамъоварии пахта бароянд. Ба касоне, ки намебароянд, бо муҷозот таҳдид мекунанд.

Дар моддаи 8 Кодекси меҳнати Тоҷикистон меҳнати маҷбурӣ манъ шудааст, вале он ҷо ишора шудааст, ки “ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Тоҷикистон муайян кардааст”.

Кор дар хидмати ҳарбӣ, дар шароити ҳолатҳои фавқулода ва мувофиқи ҳукми додгоҳ меҳнати маҷбурӣ шуморида намешавад.

Тибқи моддаи  79 Кодекси меҳнат, изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо розигии корманд истифода мешавад. Он набояд зиёда аз ду рӯз пайдарпай бошад: ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат вазнин ва ё зарарнок бошад ва чор соат дар дигар корҳо.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи қонун барои кори иловагӣ дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид, инчунин кори изофа бояд иловапулӣ пардохт шавад.

2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

Бисёр вақт шоҳиди он мешавем, ки аз ҳамин категорияи кормандон барои обуна ва рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун, китобҳо маҷбурӣ маблағ нигоҳ медоранд, барои иду ҷашнҳо ва чорабиниҳои гуногун бидуни розигии онҳо пул ҷамъоварӣ мекунанд.

Дар моддаи 163 Кодекси меҳнат, нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати корманд барои ҷуброни қарзҳояш дар назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;

– барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоби нодуруст зиёдатӣ дода шудааст;

– барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷойи дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозигӣ баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини муҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;

– ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнатӣ гирифтааст, барои рӯзҳои корнакардаи рухсатӣ.

Корфармо уҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ӯ бо тартиби ҳисоби ғайринақдӣ нигоҳ дорад.

3. Нақзи қоидаҳои техникаи бехатарӣ

Бисёр вақт корфармоён, бахусус корхонау ширкатҳои хусусӣ оид ба қоидаҳои бехатарии корҳо дастурамал намегузаронанд.

Мувофиқи “Дастурамал оид ба ҳифзи меҳнат барои иҷрои кори бехатар дар баландӣ”, кормандон дар сохтмонҳо ба гузаштан аз таълими дахлдор, аттестатсия, иҷоза ва дастурамал оид ба ҳифзи меҳнат уҳдадоранд. Онҳо бояд ҳатман аз сарулибос ва пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифзи инифродӣ, инчнуин низомҳои таъмини бехатарии корҳо дар баландӣ истифода баранд. Ба ҷуз талаботи умумӣ, ба ҳар кадоме аз марҳилаҳои кор талаботи махсус вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи худи сохтмончиён, дар аксари майдонҳои сохтмони Тоҷикистон ин талабот қариб ки риоя намешавад.

Акси марбутаи asia+

Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, бар асари риоя нашудани техникаи бехатарӣ, фарсудашавии таҷҳизот ва аз ташхиси бехатарӣ дар саноат нагузаштан, инчунин сатҳи пасти омодагии касбии коргарон, дар соли 2025 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

4. Саривақт пардохт нашудани музди меҳнат

Дар Тоҷикистон саривақт пардохт нашудани музди меҳнат, пули рухсатиҳо ва дигар кумакпулиҳо як падидае шудааст, ки тез-тез ба миён меояд. Дар сурати саривақт пардохт нашудани маош бо айби корфармо дар муқоиса бо муҳлатҳои муқарраршуда, корфармо ба пардохти маблағи иловагӣ ба корманд дар ҳаҷми меъёри ҳисобшудаи фоизи бонкӣ дар ҷойи иҷрои кор дар рӯзи пардохт ба ҳар як рӯзи таъхир уҳдадор аст.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 158 Кодекси меҳнати ҶТ, “муҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар менамоянд, вале он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад”.

Лекин ин муқаррароти Кодекси меҳнат аз ҷониби корфармоён риоя намешавад ва ба ҳама музди меҳнатро дар як моҳ на 2 бор, балки 1 маротиба медиҳанд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, корфармо барои ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат масъул аст. Мутаассифона, ин ҳолат бештар дар муассисаҳои давлатӣ ба мушоҳида мерасад.

5. Шартномаи коллективӣ

Мувофиқи қонун, ҳамаи коллективҳои меҳнатӣ уҳдадоранд, ки шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд.

Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади муқаррар намудани шароитҳои кор, шуғл ва кафолатҳои иҷтимоӣ ба иловаи талаботи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба имзо мерасанд.

Намояндагони ҷонибҳои шартномаи коллективиро имзокарда ҳамасола ё дар муҳлатҳои дар чунин шартнома муқаррагардида дар бораи иҷрои он дар маҷлиси умумӣ (конфронсҳо)-и коллективи меҳнатӣ ҳисобот медиҳанд.

Аммо дар аксари коллективҳои меҳнатӣ, бахусус камшумор, шартномаи коллективӣ бо кормандон умуман вуҷуд надорад.

Акси марбутаи asia+

6. Имзои шартномаҳои меҳнатии таъҷилӣ

Дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон имзои шартномаҳои меҳнатии таъҷилӣ мустақиман манъ шудааст, то ки ҳангоми ихтисорҳо ба кормандон маблағи рухсатӣ ва ҷубронпулиҳо пардохт карда нашавад.

Дар моддаи 25 Кодекси меҳнати Тоҷикистон гуфта шудааст: “Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян бо мақсади даст кашидан аз додани кафолат ва ҷубронҳое, ки барои кормандони шартномаи меҳнатии ба муҳлати номуайян басташуда пешбинӣ шудаанд, манъ аст”.

Лекин ин банд бисёр вақт аз ҷониби корфармоҳо риоя намешавад ва дар аксари ширкатҳо имзои шартномаҳои солона бо ҳамон кормнадон ва чандин бор маъмул аст.

7. Имзои шартномаҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ба ҷойи меҳнатӣ

Бисёр вақт корфармоён барои пардохт накардани ҷубронпулиҳо ҳангоми аз кор озод кардани кормандон, инчунин ба коргарон пешниҳод накардани рухсатиҳо ва дигар кфолатҳо, ба ҷойи шартномаҳои меҳнатӣ шартномаҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ба имзо мерасонанд.

Вақте ки шахс доимо “хидматҳо”-и як ташкилотро иҷро мекунад, ин ҷо аллакай аломатҳои муносибатҳо меҳнатӣ вуҷуд доранд, на шартномаҳо дар бораи хидматрасонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.