Соли 2025 Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Оҷонсии зидди фасод дар мавриди ришвахурӣ назарсанҷиеро гузаронидаанд, ки натиҷаи он мақомотро нигарон кардааст: беш аз 35 дарсади аҳолӣ бо ҳолатҳои фасод рӯбарӯ шудаанд. Аз ин миён, тақрибан 26 дарсади шаҳрвандон иқрор шуданд, ки барои ҳалли мушкилоти худ маҷбур шудаанд пора диҳанд.
Бар асоси нишондодҳои ин тадқиқот, соҳаи маориф бо 20 дарсад дар садри феҳристи соҳаҳои фасодзада қарор гирифтааст. Дар зинаҳои баъдӣ ниҳодҳои марбут ба Вазорати корҳои дохилӣ бо 19 дарсад ва соҳаи тандурустӣ бо 16.7 дарсад ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, ниҳодҳои Вазорати адлия, додгоҳҳо ва бахши таъминоти барқ низ дар ин рӯйхат бо фоизҳои мухталиф зикр гардидаанд.
Масъалаи муҳим ин аст, ки дар аксар ҳолатҳо пора на бо хоҳиши шаҳрванд, балки бо фишори масъулон дода мешудааст. 37 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз онҳо мустақиман пора талаб кардаанд ва беш аз 33 дарсади дигар ба ишораҳои ғайримустақими мансабдорон маҷбур шудаанд, ки пора диҳанд.
Аммо ҳудуди 22 дарсади одамон бо хоҳиши худ ва барои суръат бахшидан ба корашон пора пешниҳод кардаанд.
Мардум сабаби асосии густариши фасодро дар маоши паст ва шароити душвори зиндагӣ (25.6%) мебинанд. Ҳамчунин, кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ аз ҷониби кормандон низ яке аз омилҳои асосӣ номбар шудааст.
Нуктаи нигаронкунанда ин аст, ки 86 дарсади одамоне, ки бо фасод рӯбарӯ мешаванд, ба ягон мақомот шикоят намекунанд. Сабабҳо гуногунанд:
- – Қисме аз мардум рақамҳои телефонҳои бовариро намедонанд;
- – Гурӯҳе шикоят карданро кори бефоида меҳисобанд;
- – Ва бархеи дигар ҳам ба худи мақомот боварӣ надоранд.
Бо вуҷуди ин вазъият, беш аз 60 дарсади шаҳрвандон изҳор доштаанд, ки омодаанд барои решакан кардани ин зуҳурот бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.
Дар ин пурсиш 10 ҳазор шаҳрванд аз 28 шаҳру ноҳияи гуногун, аз ҷумла Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе ширкат кардаанд. Натиҷаҳои ин тадқиқоти густурда ҳамчун асос барои таҳияи нақшаи нави мубориза бо фасод барои солҳои 2026–2030 хидмат хоҳад кард.




