Намояндаи ҲХДТ дар интихоботи миёндавраӣ ба парлумони ҷумҳурӣ пирӯзӣ ба даст овард

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои қаблии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 8-уми феврал баргузор гардид, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев бо касби 91,1 дарсади овози интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овардааст.   Тавре ба ОИ […]

Шавкат Рахматуллоев


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои қаблии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 8-уми феврал баргузор гардид, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев бо касби 91,1 дарсади овози интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овардааст.





 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии мамлакат Муҳибулло Додоҷонов хабар дод, ба ҷонибдории Катаев аз 55 ҳазору 393 интихобкунанда, 50 ҳазору 447 нафар овоз додааст. Ин дар ҳолест, ки ба тарафдории рақиби Катаев – Додихудо Абдуллоев аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

 

3 ҳазору 765 нафар ё худ 6,7 дарсади овоздиҳандагон райъ доданд.



Ёдовар мешавем собиқ вакили Палатаи поёнии парлумони мамлакат аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино – Каримҷон Қодиров моҳи ноябри соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.