Дар пайи худро ба рӯд андохтани Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сарбози 23-солаи тоҷик Вазорати дифоъ иддао кард, ки “шароити будубоши ӯ дар қисми низомӣ хуб буд ва аз вазъи саломатиаш шикоят надошт”. Амаки сарбоз мегӯяд, ӯ рӯзи ҳодиса ба ҳамсараш гуфтааст, ки мӯйи сарашро паст карда, ба хона бармегардад. Ҷасади сарбозро то кунун пайдо накардаанд ва Додситонии низомӣ ин қазияро тафтиш мекунад.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, ки дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифоъ хидмат мекард, рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Ваҳдат худро ба рӯди Кофарниҳон партофтааст. Далели худро ба рӯд андохтани сарбоз маълум нест. Мақомот то ҳол қазияро расман шарҳ надодаанд.
Дар бораи ин ҳодиса бори аввал Радиои Озодӣ хабар дода, навишт, ки ӯ сокини ноҳияи Файзобод буда, 8 моҳ қабл ба хидмат рафтааст ва “сарбози гардон (баталён)-и минрӯбии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд”. Ин ҷавон даҳ рӯз ба рухсатӣ баромада, бояд рӯзи 28-уми апрел ба қисми низомӣ бармегашт.
Қурбонгул Ашурова, модари Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар суҳбат бо ин расона гуфтааст, ки сарбоз пеш аз он ки худро ба рӯд андозад, ба ӯ занг зада гуфтааст, ки “агар хатое карда бошад, узр мехоҳад”.
“Дар телефон гуфт ки агар дар ҳаёт яке хато карда бошам, “очаҷон, маро бубахш”, се бор гаштаву баргашта ҳаминхел гуфт, ки очаҷон агар ягон хато карда бошам, маро бубахш”, – гуфтааст модари сарбоз.
Модари сарбоз гуфтааст, ки Шаҳбоз аз дарди гурда шикоят мекард. Ин расона бо такя ба манбаъи худ дар тафтишот навишт, ки дар марги сарбоз “ду фарзия – бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ ва мушкили хонаводагӣ ҳамчун сабабҳои эҳтимолии даст ба худкушӣ задани сарбоз таҳқиқ мешаванд”.
Қаноатшо Нуров, амаки Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода рӯзи 30-юми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки телефони сарбоз дар дасти мақомоти додситонӣ буда, аз ҷузъиёти тафтишот хабар надорад.

“Далели худро ба дарё партофташро намедонем. Ӯ рӯзи ҳодиса ба ҳамсараш гуфтааст, ки мӯйи сарашро паст мекунаду меояд. Гуфтааст ба хонаи бобоям меравам ва аз бибиям дуо мегирам, саҳар хидмат меравам. Шаби ҳодиса падараш аз Русия омад, то ҳол ҷасадаш пайдо нашудааст, се рӯз шуд лаби дарёро мекобем”, – гуфт амаки Шаҳбоз.
Аз Вазорати дифоъ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тафтиши ин қазия аз сӯйи Додситонии низомии кишвар идома дорад. Манбаъ гуфт, ҷузъиёти тафтишотро аз ин ниҳод пурсем. Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилои бештар аз Додситонии низомӣ бенатиҷа анҷомид.
Дар пайи расонаӣ шудани ҳодисаи мазкур, Вазорати дифоъ рӯзи 30-юми апрел гузориш нашр кард, ки дар он иддао мешавад, саломатии сарбоз ва шароити будубоши ӯ дар қисми низомӣ “хуб будааст”. Аммо дар он гузориш ҳам сабабу омили ин ҳодиса шарҳ дода нашудааст.
Бояд гуфт дар як моҳи охир марги се сарбози қисмҳои низомиии Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки дар ҳолатҳои гуногун фавтидаанд. Аз ҷумла Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-солаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ субҳи 25-уми апрел ҷон бохтааст, ки сабаби маргашро “фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон” гуфтаанд.
Радиои Озодӣ дар ин бора гузориш дода гуфт, ки Додситони низомии Тоҷикистон дастур додааст, қазияи дар беморхона ҷон бохтари ин сарбоз “ҳамаҷониба таҳқиқ шавад”.
Манбаъ навишт, ки Ғолибҷон Иброҳимов ба хонаводааш дар паёми савтие гуфтааст, ки ҳангоми истеъмоли палав устухон фурӯ бурдааст вале афсарон бо вуҷуди дарди зиёд ба саломатиаш аҳамият надодаанд. Ӯ моҳи октябри соли гузашта ба хидмат рафта буд.
Пештар аз ин, Исрофил Азимзодаи 25-соларо, ки рӯзи 30-юми март ба артиш ҷалб шуда буд, 14-уми апрел дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд. Шарифа Азимова, модари ин сарбоз ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки фармондеҳону афсарони артиш гуфтаанд, ки “писараш аз ошёнаи чорум афтодааст”.
Ӯ ба ин расона гуфтаст, ки ба гуфтаи мақомот бовар надорад, чун “бадани писараш осори латукӯби шадид доштааст”. Ҳамсари сарбоз гуфтааст, шавҳараш дар бемористон чанд нафарро нишон дода гуфтааст, онҳо ӯро латукӯб кардаанд.
Мақомоти масъул ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2022 инҷониб 5 ҳолати шиканҷа дар сафи артиш ошкор шуда, дар пайи он се нафар фавтидаанд. Дар пайи ин ҳодисаҳо 5 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 5 афсари Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Чанде қабл Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон як афсарро, ки дар марги Шоҳдил Ҷӯразода, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гумонзад буд, ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
Масъалаи шиканҷа дар қисмҳои низомӣ, латукӯби наваскарон ва мавҷудияти “дедовшина” то ҳол мавриди нигаронӣ буда, шикоятҳо низ кам нестанд, ки бархе расонаӣ шудаанд.



