Эълони тендер барои сохтмони садди муҳофизатии соҳили дарёи Ғунд дар Хоруғ

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 6 - уми майи соли 2026 аст.

Маводи шарикон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар доираи лоиҳаи BRUD «Баланд бардоштани устуворгардонӣ тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» дар шаҳри Хоруғ ҳамаи шахсони манфиатдорро барои иштирок дар озмуни зер овардашуда даъват менамояд:

Ҳадафи умумии лоиҳаи BRUD – ин баланд бардоштани устувории ҷомеа, беҳтар кардани идоракунии шаҳрӣ ва устуворгардонии шаҳри Хоруғ тавассути стратегияи ҳамаҷонибаи идоракунии партовҳои сахт, дастгирии инфрасохтор, беҳтар кардани чароғоникунонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва татбиқи коҳиши хавфи хатари офатҳои табиӣ бар асоси экосистема мебошад.

Ҳамаи шахсони манфиатдор метавонанд бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро тавассути почтаи электронии –khorog.1932@gmail.com  дастрас намоянд.

Диққат! Нодуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ ба раванди арзёбӣ ва интихоби пудратчӣ/таъминкунанда таъсир мерасонад ё метавонад боиси аз раванди баррасии минбаъда хориҷ шудани иштирокчӣ гардад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 6 – майи соли 2026 то соати 17:00. Лутфан пешниҳодҳои тиҷоратиро мувофиқи талаботи дар «Ҳуҷҷати тендерӣ» – Замимаи 1 ва даъватномаи тендерӣ зикргардида омода намуда, дар лифофаи мӯҳршуда дар як нусха  ба суроғаи зерин фиристед: ш. Хоруғ, хиёбони Шириншоҳ Шотемур, Бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, ошёнаи 5.

Диққат: Аз довталабон даъват карда мешавад, ки дар ифтитоҳи пешниҳодҳои тендерӣ соати 10:00
7
майи соли 2026 бо суроғаи дар боло зикршуда ҳозир шаванд.

Мақоми шартномавӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳама гуна пешниҳоди тендериро қабул кунад, инчунин ҳама гуна пешниҳодҳоро дар вақти дилхоҳ то бастани шартнома рад кунад ва дар назди иштирокчиёни тендер ҳеҷ гуна масъулият надорад.

Ташкилот – Фармоишгар инчунин ӯҳдадор нест, ки онҳоро дар бораи сабабҳои чунин амалҳо огоҳ созад. Хоҳишмандон метавонанд барои қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва дастрасии маълумоти иловагӣ ба муҳандиси лоиҳа – Илолов Ширинбек – муҳандиси лоиҳа бо рақами телефонии (+992) 93-703-14-13

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.