Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

Шаҳноз Ализода, asia+

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мубина Хоҷаева, мудири мактаби русии ба номи Чехови шаҳри Хуҷандро баъди таҷлили зодрӯзаш дар як тарабхона 27 ҳазору 300 сомонӣ ҷарима кардааст. Ӯ ба нақзи қонуни танзими ҷашну маросим гунаҳкор шудааст.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, масъалаи озод кардани мудири мактаб бо Вазорати маорифи Русия баррасӣ мешавад. Ӯ ҳоло дар ин вазифа кор мекунад.

Дар ин бора  маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” гузориш дода гуфтааст, ки номбурда рӯзи 16-уми феврал дар тарабхонаи “Golden Fish”-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати 12 меҳмон зодрӯзашро таҷлил кардааст.

Ҳукми додгоҳ кай содир шудааст, маълум нест.

Мубина Хоҷаева. Акс аз саҳифаи фейсбуки мактаби ба номи Чехов

Мубина Хоҷаева рӯзи 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” дар робита ба шарҳи ҳодиса гуфт, “ман ба ягон саволи шумо ҷавоб намегӯям ва назар ҳам намедиҳам”.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 20 Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷиҳати аз вазифа барканор кардани Хоҷаева пешниҳод ирсол шудааст.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки таъин ва озод кардани мудирони муассисаҳои муштарак, аз ҷумла, мудири мактаби мазкур дар асоси фармоиши дутарафа, яъне бо тасдиқи Вазорати маорифи Русия сурат мегирад.

“Озод кардани Мубина Хоҷаева, директори кунунии Муассисаи давлатии бучетии таҳсилоти миёнаи умумии Русия-Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П. Чехов” низ тибқи талаботи мазкур сурат мегирад. Аз ин рӯ номбурда айни ҳол дар ин вазифа кор карда истодааст. Барои аз вазифа озод намуданаш ҷонибҳо корбарӣ намуда истодаанд”, – гуфтанд аз вазорат.

Дар пайи таҷлили зодрӯзи мудири мактаб, соҳиби тарабхонаи “Golden Fish” дар Хуҷанд низ 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд соҳиби тарабхонаро барои вайрон кардани тартиби хидматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла тартиби теъдоди даъватшудаҳо ва вақти баргузории маърака (моддаи 481, қисми 4-и КҲМ)  гунаҳкор кардааст.

Ин ҳукми додгоҳ рӯзи 12-уми март содир шуда, чанде пеш “Азия-Плюс” ба он даст ёфт. Дар ҳукм номи соҳибкор Р.С.Т. зикр шуда, гуфта мешавад, ки ӯ мудири ҶДММ “Маҷмааи Маҳастӣ” аст.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ аз таҷлили ҷашни зодрӯзи М.Н.Д., мудири мактаби русии ба номи А.П. Чехов дар тарабхонаи “Golden Fish”-и “Маҷмааи Маҳастӣ” огоҳ буда, онро рӯйпӯш кардан хостааст.

Бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд. Акс аз Азия-Плюс

Ба иттилои додгоҳ, Р.С.Т. ба мудири мактаб ва меҳмононаш “шароит фароҳам оварда”, ҳангоми ба тарабхона омадани мақомот “бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷашнгирии зодрӯз аз меҳмонон хостааст, ки тӯҳфаҳои овардаашонро аз тарабхона берун бароранд”.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки маҳкумшуда дар мурофиа гуноҳи худро қисман қабул ва изҳори пушаймонӣ карда, гуфтааст, ки аз бепарвоӣ ба ин кирдор даст зад. Назари ӯ ба расонаҳо дастнорас аст.

Бояд гуфт, ки дар гузашта ҳам дар Тоҷикистон баъзе мудирони маориф ва директорони мактабҳо барои нақзи қонуни танзим ҷарима ва аз вазифа барканор шуда буданд. Аз ҷумла, Исроил Қурбонзода, мудири ҳамакнун собиқи маорифи ноҳияи Хуросонро барои таҷлили зодрӯзаш аз вазифа барканор ва 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карда буданд. Он замон худи Қурбонзода таҷлили зодрӯзашро рад карда буд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” парванда боз шудааст. Инчнуин тибқи иттилои Додгоҳи олӣ дар соли 2025 додгоҳҳои кишвар, 1 ҳазору 297 парвандаи маъмуриро дар робита ба вайрон кардани қонуни танзими ҷашну маросим баррасӣ кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 бо қабули тағйиру иловаҳо ҷазо барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” боз ҳам сангинтар гардид. Тибқи он барои риоя накардани талаботи ин қонун, аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар) ҷарима таъин мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон