Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

asia+

Ин қарор аз сӯи директори Маркази назорати давлатии беҳдоштию ҳамагиршиносӣ (эпидемиологи) -и вилояти Суғд имрӯз, 1-уми май содир шуд ва тибқи он фурӯши чанд маҳсулот, ки тез вайрон мешаванд, “дар ҷойҳои номувофиқ” манъ аст.

Дар ин бора аз ин марказ ба “Азия-Плюс” хабар дода, зикр кардаанд, ки бо фарорасии фасли гармо талаботи аҳолӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан, яхмос, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, хӯришҳои худсохти хонагӣ, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда, оби ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрока зиёд мешавад.

Ин қарор дар заминаи қарори сардухтури вилоятӣ дар робита ба манъи фурӯши бархе маҳсулот дар ҷойҳои номувоифқ ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхати маҳсулоти тезвайроншаванда ин маводҳо шомил мешаванд:

– хӯришҳои тайёршудаи хонагӣ, консерваҳои худсохт, маҳсулоти гӯштӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ;

– маҳсулоти қаннодӣ, моҳӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти зудвайроншаванда, дар кӯчаҳо, роҳравҳо ва ҷойҳои бе шароити яхдон нигоҳдорӣ қатъиян манъ карда шуд.

Акси марбут аз Маркази беҳдоштии вилояти Суғд

Ба таъкиди манбаъ, фурӯши ин маҳсулот дар зери офтоб ва бе хулосаи беҳдоштӣ ба бемориҳои шадиди меъдаю руда ва дигар омилҳои ба саломатӣ таъсиррасонанда оварда мерасонад.

“Мақсади асосӣ, пешгирии бемориҳои шадиди маъдаю рӯда, омилҳои ба он мусоидаткунанда инчунин, гузаронидани корҳои пешгирикунанда мебошад”,- гуфта мешавад дар қарор.

Дар матни қарор таъкид мешавад, ки он барои иҷро ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, муассисаҳои хӯроки умум, савдо, саноат, инчунин сехҳои қаннодӣ фиристода шуда, аз масъулини Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва додситонии вилоят назорати иҷрои он дархост шудааст.

Бояд гуфт, ҳамасола бо шуруъи фасли гармо, Хадамоти беҳдоштӣ ва ниҳодҳои зертобеи он дар минтақаҳо, фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд дар ҷойҳои номувофиқ манъ мекунанд. Вале на ҳамеша ин тастур аз сӯи соҳибкророн риоя мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.