Як таҳқиқот маълум кардааст, ки ВКД ниҳоди фасодзада аст. Дар кадом сохтори он бештар пора мегиранд?

БДА яке аз сохторҳои порахури ин ниҳод зикр мешавад.

asia+

Як таҳқиқоти ҷомеашиносӣ муайян кардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) яке аз ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, аз ҳар 5 нафаре, ки дар ВКД бо фасод рӯбарӯ шудаанд, дутои он маҳз ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) пора додаанд.

Дар назарсанҷии густурдае, ки соли гузашта Оҷонсии зидди фасод ва Маркази тадқиқоти стратегӣ дар 28 шаҳру навоҳӣ миёни 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гузаронидаанд, 19% пурсидишудаҳо гуфтаанд, ки пулиси кишвар пора мегирад.

Дар дохили сохторҳои ВКД, БДА бо 40,9% дар ҷои аввали зерсохторҳои ин ниҳод қарор гирифтааст. Хадамоти шиносномавӣ бо 18,4%, нозирони маҳаллӣ бо 9,7% ва раёсату шуъбаҳои ВКД дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо 7,9% дар ҷойҳои баъдӣ ҳастанд. Натиҷаи комили ин назарсанҷиро дар баргаи зерин бинед:

Оҷонсии зидди фасод моҳи феврали имсол ҳам дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки БДА, ки ниҳоди танзиму назорати нақлиёти ВКД аст, соли 2025 яке аз ниҳодҳои фасодзада буд ва бо ришваситонии ҳаҷман зиёд дар мақоми дуввуми рӯйхати фасодзадаҳо қарор гирифт.

Сулаймон Султонзода, раҳбари ин ниҳод афзуда буд, ки соли гузашта фасоди бештар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва пасон дар БДА ошкор шудааст.

Беш аз 240 млн сомонӣ зарар танҳо дар як шуъбаи БДА

Ба гуфтаи Оҷонсии зиддифасод, танҳо дар як шуъбаи ин ниҳод беш аз 240 миллион сомонӣ зарари молӣ ошкор шудааст.

“Нисбат ба масъулони шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти БДА-и ВКД-и Тоҷикистон барои бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба қайди давлатӣ гирифтан ва додани рақам ба 2 ҳазору 725 воситаи нақлиёт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд”, – гуфта буд Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонсӣ дар нишасти матбуотӣ.

Ба қавли Камолзода, нисбати гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди тафтишот он ба додгоҳ ирсол шудааст. Маълум нест, ки гумонбарон ҷазо гирифтаанд ё не.

Назари масъулини ин ниҳод ба гуфтаҳои масъулини Оҷонсии зиддифасод маълум нест.

Ришваситонӣ дар БДА масъалаи нав нест. Тибқи таҳлили коршиносон ва оморе, ки ҳамасола Оҷонсии зиддифасод расонаӣ мекунад, мушкили №1 дар ин ниҳод ришваситонӣ аст.

Ронандагон ҳам шикоят доранд, ки кормандони БДА аз онҳо пора талаб мекунанд. Дар пайи талаби пора чандин ҳолати ҷанҷоли корманди БДА ва ронандагон низ сабт шудаанд.

Чанд соли пеш мо барои ҳалли чанд мушкили БДА, аз ҷумла коҳиши сатҳи фасод тавсияҳо дода будем, ки бо он метавонед дар ин пайванд шинос шавед: “Ёддошт”-и куҳна барои сардори нави БДА.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.