Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Нозанини Исматшоҳ, asia+

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) мегӯяд, танҳо дар моҳи март корҷӯёни тоҷик беш аз 250 ҳазор сомониро ба суратҳисоби қаллобон интиқол додаанд. Ин созмон, тавонистааст дар ин давра дар асоси муроҷиати шаҳрвандон тавассути хати оҷилӣ аз интиқоли беш аз 55 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон  ҷилавгирӣ кунад.

СБМ мегӯяд, афзоиши қаллобони маҷозӣ (онлайнӣ) яке аз мушкилоти нигаронкунанда дар самти муҳоҷират аст, ки корҷӯёни тоҷик зиёд фирефта мешаванд.

Ба гуфтаи ин созмон, танҳо дар моҳи март, 10 нафар пас аз интиқоли маблағ дар ҳаҷми умумии 250 ҳазор сомонӣ бо рақами хатти оҷилӣ (+992 900 800 800) тамос гирифтаанд. Дар ин баробар, 66 корҷӯйи дигар давоми ин моҳ пеш аз гузаронидани маблағ ба созмон тамос гирифтаанд ва дар пайи он интиқоли беш аз 55 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби қаллобон пешгирӣ карда шудааст.

“3 ҳазор доллар интиқол додааст”

Яке аз чунин корҷӯён сокини 28-солаи шаҳри Панҷакент аст (номаш маҳфуз дошта мешавад), ки дар саҳифаи “Телеграм” барои кор дар кишвари Олмон эълон пайдо мекунад ва бо мақсади муҳоҷират ба ин кишвар, бо дархости онҳое, ки барояш кор пешиниҳод карданд, 3 ҳазор доллар (беш аз 28 ҳазор сомонӣ) ба суратҳисоби онҳо интиқол медиҳад.

Акси марат аз СБМ пешниҳод шуд

Аз ин ҷавон дубора 1000 доллар талаб мекунанд, вале ин навбат ӯ барои то куҷо воқеӣ будани эълони мазкурро санҷидан, ба намояндагии СБМ тамос мегирад. Ин ниҳод маълум кард, ки саҳифаи “Телеграм”, ки барояш кор пешниҳод кардаанд, ба  қаллобон мансуб аст ва ӯро аз интиқоли маблағи навбатӣ боздоштанд.

СБМ нигаронӣ мекунад, ки аксари корҷӯёни тоҷик ба эълонҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои дарёфти кор пешниҳод мешаванд, бовар мекунанд.

1300 муроҷиат дар се моҳ

Зимнан, манбаъ ишора кард, ки дар се моҳи соли 2026 беш аз 1300 нафар аз ҳудуди Тоҷикистон ва Русия бо масоили марбут ба муҳоҷират ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират тавассути хати оҷил муроҷиат кардаанд. 

Ба қавли ин ниҳод, шаҳрвандон бештар барои гирифтани иттилоъ дар бораи кор дар хориҷа, аз ҷумла кори мавсимӣ дар Бритониё Кабир, омодагӣ барои зинаи аввали муҳоҷират, марказҳои имтиҳонсупорӣ дар бораи донистани забони русӣ, гирифтани маълумотномаи тиббӣ дар Русия ва Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Ҳамчунин намояндагӣ мегӯяд, шаҳрвандони Афғонистон низ барои пайвастан бо оилаашон дар Олмон, сафар ба Канада ва дархости суроғаи Маркази дархости раводиди Канада (“Canvac”) муроҷиат кардаанд.

Бо ҳуши маснӯӣ сохта шудааст.

Муроҷиати зане барои баргардонидани фарзандаш аз Русия

Аз ҷумла, моҳи март зане, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дошт ва чанд соли охир дар ҳудуди Русия зиндагӣ мекард, ба СБМ муроҷиат кардааст. Шавҳар ва фарзандони ӯ шаҳрвандии кишвари Русияро доштанд ва баъди он ки дар оила муноқиша сар мезанад, шавҳараш ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат мекунанд. Сипас, занро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мекунанд ва кӯдаконаш дар Русия мемонанд.

“Муроҷиаткунанда тавассути хатти оҷилӣ  ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пайваст карда шуд. Айни замон, намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати ҳалли масъала ва баргардонидани фарзандони ноболиғ ба Ватан чораҳои зарурӣ меандешад”, – гуфтанд аз Созмони Байналмилалии Муҳоҷират . 

Бояд гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки дар кадом кишвари хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо хатти оҷилӣ ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират  тариқи “WhatsApp” ва “Telegram” муроҷиат кунанд. Барои муҳоҷирони тоҷики қаламравии Русия, ки истифодаи ин паёмрасонҳо маҳдуд карда шудааст, Созмон соли равон паёмрасони “МАХ”-ро фаъол кардааст.

Хатти оҷилӣ барои додани машварати ҳуқуқӣ ва роҳнамоӣ барои муҳоҷирати бехатар пешбинӣ шудааст ва хидматрасонии он комилан ройгон буда, он аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00 фаъол аст.

Барои масоили муҳоҷират, бо хатти оҷилӣ оид ба муҳоҷирати бехатар бо рақамҳои +992 900 800 800 ва ё тариқи паймрасонҳои он дар “WhatsApp”, “Telegram” ва “МАХ”,  ки бо ин рақамҳо пайваст аст, муроҷиат кунед. Хатти оҷилӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ташаббуси муштараки Вазорати меҳнату муҳоҷират ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.